Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ҚАЛАМ КУҶО ШУД?

Ҳамсинфи мо Бахтиёр
Ҳавас дорад ба ҳар кор.

Шабе андеша кардаст,
Рассомӣ пеша кардаст.

Сипас, албому қалам,
Ҳам рангу ҳам муқалам

Ӯ кофта зи ҳар сӯ
Гузошта ба паҳлӯ...

Пас албомаш кушода
Рӯи зону ниҳода

Аз чӣ кунам сар?—гуфтаст,
Чӣ кашам беҳтар?—гуфтаст.

Хонаи зебо кашам?
Ё дашту саҳро кашам?

Зоғу кабутар кашам?
Боғи хушманзар кашам?...

Ӯ баъди фикри бисёр
Омада бар як қарор,

пешина
аз 184
навбатӣ