Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

АдабиётКӯдакон
Аз аввал хондан

ҲАЙ, БОРАКАЛЛО!

Рафтам дирӯз меҳмонӣ
Ҳавлии бобо,
Як лаҳзаяк нишастам
Пешаки момо.

Бо хокистар бишустам
Чойҷӯши момо,
Покиза кардам аз гард
Ҷевони бобо.

Тубакҳои пур аз гул
Бурдам ба берун,
Шишаи тирезаро
Шустам ба собун.

Шуд хонаи момоям
Равшану зебо,
Момоям гуфт: – Офарин,
Ҳай, боракалло!

Бобоям баъди пешин
Омад аз масҷид,
Чун маро дид дар ҳавлӣ
Аз шодӣ хандид.

Оғӯшашро кушода,
Ба сӯи ман тохт,
Даромада ба хона,
Хонаро нашинохт.

пешина
аз 184
навбатӣ