Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДУХТАРАКИ БОЗИНГАР

  • Ин духтар парӣ бошад?
    Ё кабқи дарӣ бошад?
  • Не, не.
  • Як пораи моҳ аст ин?
    Чароғаки роҳ аст ин?
  • Не, не.
  • Товуси Боғи Тилост?
    Ё аз Боғи Дилкушост?
  • Не, не...
  • Рӯи саҳна шуд давон.
    Оҳуяки Мӯлиён?
  • Не, не.
  • Гулмоҳии Варзоб аст?
    Шамолаки Яғноб аст?
  • Не, не.
  • Маликаи хубон аст,
    Аз деҳи Зарафшон аст?
  • Не, не.
  • Дилҳоро бурд ба як бор,
    Ин бозингар аз Ҳисор?
  • Не, не.
  • Нозу адояш ширин,
    Як шохаи набот ин?
  • Не, не.
  • Пас гӯед ин духтар кист?
    Духтари бозингар кист?
  • Номи духтар Фаттона
    Аз деҳи Кафтархона.
пешина
аз 184
навбатӣ