Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
БОҚӢ РАҲИМЗОДА
Боқӣ Раҳимзода 15 майи соли 1910 дар деҳаи Сорбоғи ноҳияи Рашт дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Соли 1931 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд-ро хатм намудааст.
Соли 1941 Бахши суханшиносии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм намудааст.
Аз соли 1948 то ҳангоми вафоташ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мушовири ҷавонони эҷодкор буд.
Ӯ барои кӯдакон шеъру манзумаҳои хубу марғуб менавишт. Манзумаҳои ӯ – «Чашмаш ало шуд» ва «Мусича ва рӯбоҳ» дар байни хонандагон машҳур аст.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1969), ва унвони Шоири халқии Тоҷикистон (1974) мебошад.
Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё