МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Омӯзгор дар омӯзиши анъанавӣ:
– маводи омӯзиш ва мақсадҳои таълими онро интихоб мекунад: принсипҳои интихоби мавод на ҳама вақт шуурона сурат мегирад, вай дар доираи барномаи таълим маҳдуд аст;
– масъалаи таълимӣ ҳамчун эълони мавзуъ пешниҳод мешавад (мавзуи дарсро нависед);
– оид ба мавзуъ донишҳои навро нақл мекунад;
– фаҳмиши ахбори таълимро дар шакли саволу ҷавоб, ҳангоми мустаҳ камгардонӣ, санҷиши дараҷа ва пуррагии донишҳои фаннӣ мегузаронад;
– ҷавобҳои хонандагонро ислоҳ мекунад, дуруст ё нодуруст будани онро қайд ва барои гирифтани ҷавоби дуруст равона месозад;
– ҳаҷму сифати донишҳои азхудшудаи фанниро назорат бурда, кӯшиш мекунад ҳар чӣ бештар баҳо гузорад.
Омӯзгор дар таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият:
– дар маводу мавзуи омӯзиш ақида ва принсипҳои асосиро ҷудо мекунад.;
– методҳои омӯзиш ва тарзҳои фаъолиятро ба рушди салоҳияти хонандагон равона месозад;
– мундариҷаи фанро дар атрофи ин самтҳои методологӣ тартиб медиҳад;
– масъалаҳои таълимро тавре таҳия мекунад, ки дархостҳои хонандаро оид ба донишҳои нав бедор мекунад (мушкил, вале ба даст овардан мумкин аст);
– вазъияти ҷустуҷӯи ақидаҳоро бунёд карда, амалҳои ғайримуқаррарии омӯзишро ҳавасманд мегардонад;
– фаҳмиши ахбори таълимиро, бо истифода аз усулҳои таҳлил (рефлексия), ташкил мекунад: ба хонандагон дар асоси робитаҳо дар бораи пешрафт бештар ахбор медиҳад;
– хонандагонро ба таҳлили давраҳои ҳалли масъалаи таълим ҷалб ва ҳавасманд мекунад, ки аз ғалат гуфтан натарсида, фикри худро иброз доранд;
– корро дар ҷуфтҳо, гурӯҳҳои хурд ташкил карда, тарзҳои ҷустуҷӯ ва эҷодии кор бо матни таълимиро ба роҳ мемонад; фаъолияти хонандагонро на танҳо аз рӯи натиҷаи ниҳоӣ, балки аз рӯи раванди ноил гаштан ба он арзёбӣ мекунад. (Арзёбии ташаккулдиҳанда).
Хулоса, гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда, қайд кардан ҷоиз аст, ки таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият тағйироти фаъолияти омӯзгорро тақозо дорад, ки гузаштан аз дараҷаи паст ба баланди озодии интихоб, аз амалҳои ғайрифаъол ба фаъолияти мустақилонаи хонандагонро таъмин мекунад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият ба хонанда кадом имкониятҳои таҳсилро фароҳам меорад?
-
-
- Фардикунонии таълим дар синфҳои ибтидоӣ чӣ гуна сурат мегирад?
Омӯзгор дар омӯзиши анъанавӣ чӣ тарз амал мекунад?
Амалҳои омӯзгорро дар таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият бо мисолҳо шарҳ диҳед.
- Фардикунонии таълим дар синфҳои ибтидоӣ чӣ гуна сурат мегирад?
-
- Умумият ва фарқияти таълими анъанавӣ ва таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсиятро муайян намоед.
1.30. Истифодаи арзёбии ташаккулдиҳанда дар таълими ба шахсият нигаронидашуда Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Проблемаҳои баҳогузориро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ муайян мекунанд.
• Роҳҳои гуногуни тағйири муносибат ба арзёбиро пешниҳод мекунанд.
• Баъзе методҳои арзёбии замонавиро номбар мекунанд.
Нақша:
• Мавқеи арзёбӣ дар фаъолияти омӯзгор.
• Тарзҳои арзёбии ташаккулдиҳанда.
• Марҳилаҳо ва методҳои ба ҷараёни арзёбӣ ҷалб намудани хонандагон.
МАВҚЕИ АРЗЁБӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОР
Таҳқиқот шаҳодат медиҳанд, ки вобаста ба арзёбӣ дар мактабҳо муносибат ба он як қатор проблемаҳо вуҷуд доранд:
– ба баҳогузорӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, вале ба маслиҳату роҳнамоӣ диққати кофӣ намедиҳанд;
– ҳангоми баҳогузорӣ хонандагонро бо якдигар муқоиса мекунанд, ки бештар ба руҳияи мусобиқа мусоидат мекунад, вале ба рушди шахсӣ кам эътибор медиҳанд;
– баҳогузории мунтазам ба асбоби ҳамешагии назорат ва маҳкумкунӣ мубаддал гаштааст, вале хонандагонро кам ҳавасманд мегардонанд;
– дар амалияи баҳогузорӣ гузарондани корҳои хаттӣ ва санҷишҳои даҳонию имтиҳон васеъ паҳн гардидаанд, ки аксар барои гузоштани баҳои ҷаъмбастӣ истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё