Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷонибдорони назарияи когнитивӣ ақидаеро дастгирӣ мекунанд, ки фаъолияти таълим дар фикр сурат мегирад. Ақидаи конструктивистҳо оид ба фаъолият он аст, ки хонанда донишҳои худро дар асоси таҷрибаи пешина ва услуби шахсии омӯзиши худ бунёд мекунад.
Таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият ба консепсияи иҷтимоии конструктивистҳо, яъне аҳамияти мавқеи ҳамсолон дар омӯзиш, ки ба фаъолияти таълими гурӯҳ якҷоя бо дигарон диққати махсус медиҳад, алоқаи зич дорад.
Дар маҷмуъ хулоса кардан мумкин аст, ки фаҳмиши ягонаи таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият вуҷуд надорад. Баъзе муалифон таълими таваҷҷуҳ ба шахсиятро чун консепсияи роҳу равиши омӯзиши худро интихоб намудани хонандагон баррасӣ кунанд, дигарон чунин меҳисобанд — таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият бо он фарқ мекунад, ки хонанда нисбат ба омӯзгор бештар кор мекунад, яъне омӯзиши фаъол дар муқоиса бо омӯхтани ғайрифаъол; бархе таърифи васеътарро истифода мебаранд, ки ҳар ду таърифи пештараро фаро гирифта, тағйироти муносибатҳои байни омӯзгору хонандагонро аз фармонфармоӣ ба ҳамкорӣ, шарикӣ инъикос менамояд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) 3) 4) Таълими ба шахсият нигаронидашуда ба кадом назарияҳои таълим такя мекунанд?
    Ҷанбаҳои муҳимми таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият кадомҳоянд?
    Мақсади асосии таълими ба шахсият нигаронидашуда чист?
    Принсипҳои таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсиятро номбар карда, шарҳ диҳед ва кадоми онҳо аз нигоҳи шумо муҳиманд, чаро?
    1.29. Муносибат ва салоҳиятҳои омӯзгор дар таълими ба шахсият нигаронидашуда Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Тағйироти фаъолияти омӯзгорро дар шароити таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият ва омӯзиши анъанавӣ муқоиса мекунанд;
    • Мавқеи омӯзгорро дар шароити таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият муайян ва арзёбӣ мекунанд.
    Нақша:
    • Нақши омӯзгор дар таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият:
    а) омӯзгор дар омӯзиши анъанавӣ; б) омӯзгор дар таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият.
    НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ТАЪЛИМИ ТАВАҶҶУҲ БА ИНКИШОФИ ШАХСИЯТ
    Татбиқи низоми таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият тағйироти афзалиятҳоро дар педагогика пешбинӣ мекунад: аз таълим ба омӯзиш, аз шунидани ғайрифаъол ба амалҳои фаъол. Ивазшавии афзалиятҳо тағйироти ҷиддии вазифаҳои омӯзгорро тақозо мекунанд. Бад-ин васила, вазифаи омӯзгор танҳо муайян кардани самти тараққиёт набуда, бунёди шароити зарурӣ барои рушди қобилиятҳои хонанда ҳамчун шахсият низ мебошад.
    Таълимро, хоҳ таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият бошад, ё шакли дигар, аксар вақт чун шакли муташаккилонаю мақсаднок маънидод менамоянд, ки махсус ба нақша гирифта, амалӣ мекунанд. Дар амалия баъзан онро ба як маънӣ шарҳ додан мушкил аст. Аксари омӯзгорон унсурҳои таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсиятро ба таври бояду шояд истифода мебаранд. Хусусиятҳои инфиродии хонандагонро ба назар мегиранд.
    Вале масъалаи дигар, дар амалияи омӯзгорон кадом технологияҳо бартарӣ доранд? Бинобар ин, фаъолияти омӯзгорро дар омӯзиши анъанавӣ ва таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият пешниҳод менамоем. Қазоват намоед, ки мо чӣ тавр метавонем ба таълими таваҷҷуҳ ба инкишофи шахсият гузарем.
пешина
аз 142
навбатӣ