Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ТАЪЛИМОТИ МАҲМАДУЛЛО ЛУТФУЛЛОЗОДА ДОИР БА БУНЁДИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР АСОСИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА УМУМИБАШАРӢ
Академик М. Лутфуллозода дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии маълумот», «Консепсияи мактаби миллӣ», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стандарти давлатии маълумот ва дигар бозсозиҳо дар соҳаи маорифамон ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Устод М. Лутфуллозода таҳқиқотгари афкори педагогии ниёгон ва муосир буда, дар ин радиф якчанд асар, аз қабили «Эҳёи педагогикаи Аҷам», «Пандномаи Аҷам», «Инсон ва тарбия», «Аҳамияти бунёди муҳити солим дар таълим», «Асосҳои таҳқиқоти илмӣ», «Фарзанд ҳадяи Худованд», «Муқаддимаи омӯзгорӣ (ҳаммуаллифӣ)», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Педагогикаи миллии халқи тоҷик»-ро офаридаанд. Бешак асарҳои мазкур таҷассум ва тарғибгари панду ахлоқи ниёгон дар тарбияи инсони комил, худогоҳу хештаншинос ва меҳанпарасту ояндасози миллат маҳсуб мегарданд.
Мактаби илмии М. Лутфуллозода дар масъалаи истифодаи технологияи нави таълим ва дар руҳияи хушзавқу боистеъдод ва ихтироъкору навовар тарбия намудани хонандагон аз мактабҳои эътирофшуда аст. Асарҳои таълифнамудаи он кас ба мисли: «Дидактикаи муосир», «Дарс», «Дастури фаъолияти омӯзгор» ва «Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ» чун кашфиёт ва навгонӣ пазируфта шудаанд.
Дар мавриди хушзеҳну соҳибмаърифат тарбия ва тайёр кардани шогирдон чунин мефармоянд: «Омӯзгорон бояд санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва дастурҳои навини тадрисро донанд. Мазмуну мундариҷаи онҳоро эҷодкорона дар амал татбиқ намоянд. Ҳамаи имконияту захираҳои маънавию зеҳнии худро барои ислоҳот ва таҷдиди шуури насли наврас, инчунин соҳибихтисос гардидани онҳо сафарбар карда, дар фаъолияташон тарзу равишҳои муосири таълимро самаранок истифода баранд».
Бо истифода аз технологияи нави таълим, аз ҷумла усули фаъол омӯзгорон метавонанд интизориҳо, орзуҳо ва талаботи шогирдонро дар амал татбиқ карда, дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос ва навовару ихтироъкор муваффақ гарданд.
Вобаста ба ин академик М. Лутфуллозода дар асарашон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин» чунин менависанд:
«Бо роҳбарӣ ва дастгирии Сардори давлат маорифи кишвар рушд кард ва ба навгониҳои зерин муваффақ шуд:

  1. Истиқолияти давлатӣ ва арзи вуҷуд кардани давлати миллии тоҷикон ба тамоми соҳаҳои зиндагии мо, аз ҷумла, низоми маорифамон таъсири мусбат расонд. Маориф дар кишварамон самти асосӣ ва стратегӣ эълон шуда, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид.
  2. Методологияи маорифи навинамон тамоман тағйир ёфта, асоси онро на идеологияи ягон ҳизб ё созмони ҳукмрон, балки фалсафаи бумии мардумамон, назарияи маърифат, ҳуҷҷатҳои тақдирсози замони истиқлол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои ватандорию ватандустӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад.
  3. Сохтори мактаби таҳсилоти умумӣ бетағйир монда бошад ҳам, дар таркиби он намудҳои нави таълимгоҳҳо (литсей, гимназия, мактабҳои хусусӣ) ва дар таркиби муассисаҳои таҳсилоти олӣ коллеҷ, магистратура, таълимгоҳҳои олии гуногуни давлатию ғайридавлатӣ, ватанию хориҷӣ арзи вуҷуд карданд.
  4. Навгонии ҷиддӣ дар мазмуни таҳсилот (маълумот) ворид гардид. Нақшаҳо ва барномаҳои нави таълим, китобҳои дарсии насли нав, фанҳои нав, ихтисосҳои гуногуни нав руйи кор омаданд. Дар робита бо тақозои замон стандарти давлатии таҳсилот пешниҳод гардид…»
пешина
аз 142
навбатӣ