Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Баёни мавзуъ мувофиқи сатҳи дониш ва фаҳмиши хонандагон бояд ба роҳ монда шавад. Дар вақти омӯзонидани маводи таълимӣ дараҷаи дониши шогирд бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Зеро дараҷаи дониш дар байни шогидон аз ҳам фарқ дошта, хусусияти фардиро дорад ва он бояд аввалан ташхис гардида, пас аз он аз рӯи дарки фаҳмиши хонанда баён гарданд. Дар ин ҷо нутқи омӯзгор ва истифодаи мафҳумҳо низ аҳамияти калон доранд. Мафҳумҳои душворе, ки ба хонанда фаҳмо нест, ба таври содда бояд фаҳмонида шаванд ва ин ба манфиати кор аст.
  2. Пайдарҳамии баёни маводи таълимӣ ва эътибор додан ба чизҳои асосӣ.
    Маводи таълимии омӯзонидашаванда бояд мантиқан дуруст буда, бо ҳам алоқамандӣ дошта бошад ва пайдарҳам омӯзонда шавад. Зеро, пайдарҳамии таълими мавод ба азхудкунии дониш мусоидат намуда, ба инкишофи тафаккур ва фаъолияти фикрии онҳо кумак мерасонад.
  3. Аҳамият ва моҳияти донишҳои азхудшаванда ба шогирд фаҳмонида шавад. Донишҳое, ки ба шогирдон омӯзонида мешаванд, бояд аҳамияти ҳаётӣ дошта бошанд ва дуруст дарк намоянд, ки ин донишҳо дар ҳаёти ояндаи онҳо дар кадом мавридҳо ва чӣ тавр истифода мешаванд. Танҳо дар ҳамин ҳолат онҳо бо ҳисси масъулият вазифаҳои таълимиро иҷро менамоянд.
    Омӯзгор худро бояд ба дили шогирд ҷой карда тавонад ва ғайраҳо. Касби омӯзгорӣ бо нозукиҳои худ аз дигар касбу пешаҳо фарқ мекунад. Агар дар шогирдон нисбат ба омӯзгор ҳисси бадбинӣ пайдо гардад ва ё ҳамчун шахс, ба шогирд маъқул нагардад, он гоҳ ҳамон фан низ ба назари шогирд бад шуда, аз омӯзиши он илм даст мекашанд. Аз ин хотир, омӯзгор бо чӣ роҳе, ки набошад, бояд худро ба дилу дидаи бачаҳо ҷой карда тавонад. Ин аз муносибати хуб ва меҳрубононаи омӯзгор ба шогирдон ба даст
    САВОЛ ВА СУПОРИШ:
  4. Ба фикри шумо барои бунёди ҳиссиёти мусбат дар ҷараёни таълим кадом омилҳо таъсир мерасонанд?
    1. Захираи донишу таҷриба дар бунёди муҳити таълимӣ чӣ гуна таъсир меасонад?
      Дар бунёди таълими синфҳои ибтидоӣ нақши киро муҳим меҳисобед? Хонанда, омӯзгор, падару модар ё муҳит? Бо мисол шарҳ диҳед.
    1. Ҷараёни таълим кадом вақт самараи бештар медиҳад?
      Ёдгирӣ чӣ гуна раванд аст? Кадом омилҳои самарабахшгардонии раванди таълимро медонед?
  5. Барои самарабахшгардонии раванди таълим кадом омилҳои психологӣӣ ба назар гирифтан лозим аст? Бо мисолҳо шарҳ диҳед.
    1.27. Рушди мактаби миллии тоҷик аз нигоҳи М. Лутфуллозода ва Ф. Шарифзода Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Пешрафти мактаби миллии тоҷикро аз нуқтаи назари академикҳо М. Лутфуллозода ва Ф. Шарифзода омӯхта, ба моҳият ва мазмуни он аз нигоҳи таҳлилӣ назар мекунанд.
    • Назария ва амалияи М. Лутфуллозода ва Ф. Шарифзодаро аз худ намуда, дар фаъолияти педагогӣ истифода мебаранд.
    Нақша:
    • Таълимоти Маҳмадулло Лутфуллозода доир ба бунёди раванди таълиму тарбия дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ
    • Ҳалли мушкилоти таҳсилоти миллӣ аз нигоҳи Файзулло Шарифзода ва хусусиятҳои ташкили муҳити таълим
пешина
аз 142
навбатӣ