МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
• Қоидаҳои асосии раванди гуманистии педагогиро шарҳ медиҳанд ва риоя менамоянд.
Нақша:
• Гуманизм ва арзишҳои миллӣ дар таълиму тарбияи инсон.
• Гуманизм — ҷузъи асосии тафаккури нави педагогӣ.
• Қоидаҳои асосии педагогикаи гуманистӣ.
ГУМАНИЗМ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ИНСОН
Тарбияи инсонгароӣ дар раванди таҳсилот баҳри ба воя расонидани шахсиятҳои дорои сифатҳои арзишманди инсонӣ мусоидат намуда, дар ниҳоди онҳо ҳисси башардӯстию маърифатпарвариро бедор мекунад.
Яке аз принсипҳои муҳими тарбияи шаҳрвандон, аз ҷумла-наврасону ҷавонон, арзишҳои миллӣ ва гуманизм ё башардӯстӣ, инсондӯстӣ, инсонгароӣ мебошад.
Олимони муосири тоҷик — Каримова И. Х.: «Фарҳанг — сарчашмаи гуманизм», «Некӣ некӣ ба бор орад»; Нуров А.: «Нақши арзишҳои маънавӣ дар тарбияи хонандагони хурдсол», «Арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон»; Латифов Д.: «Тарбияи донишҷӯён дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ»; Лутфуллозода М. «Арзишҳои миллӣ дар китоби «Шарафномаи миллат», «Эҳёи педагогикаи Аҷам», «Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия» ва дигарон масъалаи нақш ва мавқеи гуманизм ва арзишҳои миллию умумибашариро дар тарбияи мардум, хусусан насли наврас ба таври боварибахш инъикос намудаанд. Аз ҷумла оид ба гуманизм таъкид мекунанд, ки принсипи гуманистӣ муносибати фардии раванди педагогиро дар назар дорад, ки он гардиш ба сӯи кӯдак, эҳтироми шахсияти ӯ, боварӣ ба ӯ, талабот ва рағбати ӯ мебошад; муҳайё намудани шароити мувофиқ барои инкишофи қобилияти ӯ, рӯ овардани мактаб ба фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ, арзишҳои маънавии мардумро дар назар дорад.
Мақсад ва вазифаҳои ҷомеа, дӯстӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ хелҳои нави тарбияро рӯи кор меоранд, ки мо оид ба онхо алоҳида-алоҳида таваққуф менамоем.
ГУМАНИЗМ — ҶУЗЪИ АСОСИИ ТАФАККУРИ НАВИ ПЕДАГОГӢ
Гуманизм ё башардӯстӣ консепсияи арзёбии инсон ҳамчун арзиши олӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, шаъну шарафи шахсияти инсонро ҳимоя мекунад. Шинохти ҳуқуқу озодии инсон, инкишофи зуҳури қобилиятҳои ӯ, фароҳамсозии шароити мусоид маҷмуи вазифаҳои дигари консепсияи башарӣ маҳсуб меёбанд.
Педагогикаи башарӣ низоми назарияҳои илмӣ мебошад, ки тарбиягиронро зимни раванди таълимӣ — тарбиявӣ ба иштирокчии фаъолу огоҳ, баробарҳуқуқ табдил медиҳад.
Гуманизатсияи таҳсилот дар ҷомеаи имрӯза ҷойгоҳи махсусро тақозо мекунад.
Усулҳои гуманизатсияи таълим ба тариқи зайл аст:
– дар раванди педагогӣ аз ҷониби хонанда шинохти дурусти воқеияти зиндагӣ;
– худро ҳамчун як инсон шинохтани хонанда;
– мутобиқати манфиатҳои хонанда бо манфиатҳои умумиинсонӣ;
– дар раванди педагогӣ иҷозат надодан ба воситаҳое, ки хонандаро ба зуҳуроти зиддииҷтимоӣ таҳрик месозанд;
– дар раванди педагогӣ барои хонанда фазои мусоид ҷудо намудан, то тавонад фардияти худро нишон диҳад.
Гуманизм рӯ ба кӯдак овардани мактаб, эҳтироми шахсият ва қадру эътибори ӯ, боварӣ кардан ба ӯ, қабули мақсадҳои шахсӣ, дархосту манфиатҳои ӯст. Ин муҳайё сохтани шароити мусоид аст, ҷиҳати рушди қобилияти ӯст ин имкон медиҳад, ки мактаббачаро ба ҳаёти оянда омода созад ва ҳамзамон дар ҳар давраи синнусол:
бачагӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, зиндагии боарзиши вайро таъмин намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё