Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Бо ёрии омӯзгорон, ҳамсабақон, падару модарон оид ба хониши мустақилона ва худтарбиякунии шаҳрвандӣ рӯйхати адабиётро тартиб диҳед.
  2. Аз васоити ахбори омма огоҳ бошед.
    Саъю кӯшиши омӯзгор барои васеъ гардонидани ҳудуди салоҳиятнокии худ, маҳорат, кордонӣ, инкишофи шахсӣ ва касбӣ бе азхуд намудан ва машғул шудан бо худтарбиякунӣ ва худомӯзӣ номумкин аст.
    Худтарбиякунӣ:
    – фаъолияти инсон, ки барои дар ӯ инкишоф додани сифатҳои мусбати шахсият нигаронида шудааст;
    – корҳои тарбиявӣ аз болои худ;
    – фаъолияти бошуурона, ки ба имконияти боз ҳам пуратар татбиқ намудани ӯ ҳамчун шахсият нигаронида шудааст.
    – ташаккули шахсияти худи инсон дар мувофиқат бо мақсади гузошташуда.
    Худомӯзӣ:
    – маълумоти мустақилона гирифташуда;
    – фаъолияти азхудкунии мақсаднок, ки аз тарафи худи шахс иҷро карда мешавад;
    – мустақилона додани донишҳо ба шахсият доир ба ягон соҳаи илм, техника, фарҳанг;
    – маълумоте, ки дар рафти корҳои мустақилона аз худ карда мешавад; Сарчашмаи худтарбиякунӣ ва худомӯзӣ ин талабот ба худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ аст.
    Мотивҳо барои худтарбиякунӣ:
    – талаботҳое, ки ба омӯзгор аз тарафи роҳбарияти муассисаи таълимӣ, ҳамкорон, хонандагон ва волидони онҳо пешниҳод карда шудаанд;
    – дар муассисаи таълимӣ муайян намудани услуби баланди талабот ба шахсияти омӯзгор ва сифати кори ӯ;
    – меҳнати эҷодии ҳамкорон;
    – танқид ва талаботи бевоситаи сарвар ба кори омӯзгор;
    – ҳисси ҷавобгарӣ, қарз ва шарафи касбӣ, худдӯстдории касбӣ;
    – хоҳиши мукофотҳо гирифтан;
    – баланд бардоштани вазифа;
    – шавқу завқ ба раванди худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ ва ғайра.
    УНСУРҲОИ ХУДТАРБИЯКУНИИ КАСБӢ
    Худтарбиякунии касбӣ чун ҷараён аз унсурҳои алоҳидаи бо ҳам алоқаманд иборат аст:
    Худбаҳодиҳии комилан мувофиқ қадами аввалини худтарбиякунии касбӣ мебошад, ки дар ин давра омӯзгори оянда имкониятҳои худро ба мақсад ва вазифаҳое, ки ба назди ӯ гузошта шудааст, муқоиса мекунад ва ба он баҳо мегузорад.
    Эҳтиёҷоти худтарбиякунии касбӣ. Он дар асоси худбаҳодиҳии комилан мувофиқ пайдо мешавад. Танҳо дар ҳолате, ки шахсият зиддияти ботинии ҷараёни ташаккули сифатҳои касбии худро дарк намояд ва дар роҳи ҳалли он кӯшиш кунад, қадами аввалини худтарбиякуниро мегузорад.
    Ташаккули мотиватсия. Ҷустуҷӯи ҷавоб ба суоле «Барои чӣ ман бо худтарбиякунӣ машғул мешавам?» Мотивҳои шахсӣ: маро ҳурмату эҳтиром кунанд, бисёр чизҳоро донистан, тавонистан, ба мақсадҳои касбӣ расидан, шахси дӯстдоштаи одамон будан. Мотивҳои иҷтимоӣ: ба ҳурмату эҳтироми атрофиён ноил гаштан, аз дигарон қафо намондан, дар коллектив мавқеъ доштан, ба одамон некӣ кардан, вазифаи ҷамъиятии худро баҷо овардан, вазифаи шаҳрвандии худро баҷо овардан.
    Муайян намудани мақсади худтарбиякуни касбӣ — муайян намудани модели ояндаи касбӣ, равияҳои асосии худташаккулёбии шахсият ва дар пуррагӣ тассавур кардани худ дар касби омӯзгор.
    Мураттабсозии барномаи худтарбиякунӣ, нақша ва қоидаҳои он. Барои намуна барномаи худтарбиякунии К. Д. Ушинскийро дида мебароем:
    – оромии мукаммал, ҳадди ақал оромии зоҳирӣ;
    – ростқавлӣ дар гуфтор ва рафтор;
    – андешакорӣ дар ҳаракатҳо;
    – боҷуръатӣ, қатъиятӣ;
    – дар бораи худ бе зарурият калимае нагуфтан;
    – вақтро беҳуда сарф накардан;
    – кори зарурӣ ва ба шумо хуш омодаро кунед, на бо ҳавою ҳавасро;
    – ҳар шаб оид ба фаъолияти рӯзона ба худ ҳисоботи боадолат диҳед;
    – ҳеҷ гоҳ худро таъриф накунед.
пешина
аз 142
навбатӣ