Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Дигаргуниҳои имрӯзаи ичтимоию иктисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташаккули шахсияти баркамол, эҷодкор фаъолиятманд ва кордону масъулиятшиносро ба миён гузоштанд. Иттилоотонӣ ва компютерисонзии ҷомеа, такмили техника, татбиқи технологияи навин, тағйирот дар фаъолияти тахассусии инсон аз хусусиятҳои намоёни давраи ҳозира маҳсуб меёбанд.
Рушди низоми таҳсилот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати.давлати буда, ҳукумати кишвар ва вазорати маорифи он ҷиҳати тарбия ва таълими насли соҳибмаълумот ва соҳибихтисос ҳамвора талош меварзад.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба принсипҳои умдаи зайл асос меёбад:

  1. Ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани таълим дар муассисаҳои таълимии давлатӣ 2) Ягонагии фазои фарҳангӣ ва маърифатӣ, алоқаи таълим бо анъанаҳои миллию фарҳангии халқи тоҷик ва дигар халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон 3) Ба мадди аввал гузошта шудани арзишҳои умумибашарӣ, ҳаёту саломатии инсон, инкишофи озодонаи шахс, тарбияи шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан 4) Ҳатми будани маълумоти асосӣ, дастрас будани маълумоти миёна ё маълумоти касбии ибтидоӣ ва асосӣ озмуни дараҷаҳои минбаъдаи таълим 5) Томияти системаи маориф ва идомати зинаҳои он дар муассисаҳои таълиму тарбияи давлатӣ ва хусусӣ 6) Дастрас будани маълумот, ҳимояи шахс аз ҳама гуна маҳдудиятҳо, дар соҳаи таълиму тарбия 7) Ҷанбаи демократӣ ва давлатӣ доштани идораи маориф.Новобаста будани муассисаҳои таълимии давлатӣ аз нишондодҳои идеологӣ ва қарорҳои ҳизбҳо, ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ.
  2. Бепул будани маълумоти миёнаи ҳамагонӣ ва нахуст маълумоти касбии ҳамаи зинаҳо дар муассисаҳои таълимӣ давлати ё маҳаллӣ, дар ҳудуди меъёри дахлдори маълумот.
  3. Мутобиқати маълумот бо сатҳи ҷаҳонӣ.
    Ҳуқуқҳои сокинони ҷумҳурӣ ба таҳсил дар қонуни номбурда нисбати ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ зикр карда мешавад:
  4. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави он, сарфи назар аз аслу насаб, ҷинсият, забон, мансубияти наҷодию миллӣ, вазъи иҷтимию махсусиятҳои касбу кор, ҷои истиқомат, эътиқод, мазҳаб ва муносибат ба дин ҳуқуқи ройгон таҳсил кардан кафолат дода мешавад.
  5. Шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, экстернат ва ғайра) ҳуқуқ доранд.
    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳрасти касбу ихтисосҳоеро, ки ба шакли экстернат гирифтани онҳо иҷозат нест, муқаррар менамояд.
  6. Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқи таҳсил давлат хароҷоти таълими шаҳрвандонро, ки ба ёрӣ ва ҳимояи иҷтимои ниёз доранд, дар муддати таҳсил қисман ё пурра ба зиммаи хеш мегирад, иқдомати хайрияро нисбати онҳо дастгирӣ менамояд.
  7. Давлат шахсони дорои қобилияти фавқулоддаро дастгирӣ мекунад, ба онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ ёрӣ мерасонад, барояшон идрорҳои махсус муқаррар менамояд, онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
  8. Шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву мувофиқатномаҳои байнидавлатӣ ва хориҷиёни муқимии ҷумҳурӣ бошанд, дар асоси муқаррароти умумӣ таҳсил менамоянд.
пешина
аз 142
навбатӣ