МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҳамаи вожаҳои салоҳияту салоҳиятнокӣ, салоҳиятдору салоҳиятдорӣ, босалоҳияту бесалоҳият аз решаи умумии компетент (компетентис)-и вожаи лотинӣ бармеоянд. Дар забони мо ҳамин маъно бо калимаю таркибу ибораҳои салоҳият, салоҳият доштан, соҳибихтиёрӣ, соҳибҳуқуқ, салоҳиятдор, ҳуқуқ, комилҳуқуқ, кордонӣ, қодир будан ба амал, салоҳдид, ихтиёр, ақидаи муътабар; шахси доною медонистагӣ, тасаввуроти пурра доштан, сазовор будан, лоиқи чизе, шоистаю шоистагӣ ифода меёбад, ки қисми зиёди ин маъноҳо мансубанд ба қобилият. Баъзеҳо «тавоноӣ», «тавонистан»-ро низ тавсия медиҳанд. Аммо, тавоноию тавонистан ба маънои салоҳияту салоҳиятнок истифода шаванд ҳам, аз ҷиҳати доираи истифода ҳамарзиши салоҳияту салоҳиятнокӣ нестанд. Агар салоҳият маънои луғавии калимаро ифода намояд, салоҳиятнокӣ ё салоҳиятдорӣ ба сифати шахс ё идорае ишора менамояд.
Чӣ омӯзгорро водор менамояд, ки босалоҳият шавад?
- Ҷаҳонбинӣ ва дониши касбӣ.
- Омӯхтани педагогика, психология ва методикаи таълими фан.
- Маҳорату қобилияти омӯзгорӣ.
- Технологияи таълими фан.
- Сифатҳои касбӣ ва фарҳанги омӯзгорӣ.
- Маънавиёти волои инсонӣ.
Аз ин шаш талабот се дархости умда (асосӣ) бармеояд, ки аз донишҷӯи муқаррарӣ омӯзгори босалоҳият, омӯзгори сазовори замон месозад: - Доираи назар, ҷаҳонбинӣ ва дониши мукаммали касбӣ.
- Омӯхтани педагогика, психология, методика ва технологияи таълим.
- Сифатҳои шахсӣ ва маънавиёти инсонӣ.
АҚИДА ҲОИ ОЛИМОН ОИД БА САЛОҲИЯТИ ОМӮЗГОР
Бобати баёни салоҳияти касбии омӯзгор гуногунии ақидаҳоро ҳатман ба назар гирифтан лозим аст:
Ақидаи М. И. Станкин: «Салоҳияти омӯзгорӣ донишу таҷрибаест, ки дар ҳалли босаводонаи масъалаҳои таълиму тарбия имкон фароҳам меоварад».
Ақидаи И. П. Подласий: «Соҳиб будан ба донишҳоест, ки имкони дар бораи чизе муҳокима ронданро фароҳам меоварад. Сохтор ва мазмуни салоҳияти касбӣ асосан бо махсусияти фаъолият ва мансубияти он муайян карда мешавад».
Ақидаи Н. В. Баздовская: «Салоҳияти омӯзгор соҳиб будан бо маҷмуи донишҳо, қобилиятҳо ва малакаҳои касбӣ мебошад, ки фаъолият ва муоширату шахсияти педагогӣ ташаккул меёбанд».
И. Д. Фрумин: «Муносибати босалоҳият такмилдиҳандаи мазмуни таълим буда, ба тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ ҷавоби воқеӣ мегӯяд».
Т. М. Ковалёва: «Муносибати босалоҳият ба дархости соҳаи истеҳсолот ҷавоб мегӯяд».
В. А. Болотов: «Муносибати босалоҳият ба вуҷуд овардани шароит барои ҷамъбасткунӣ ва хулосабарории қобилияти инсон аст, ки берун аз мазмун ва вазъияти таълимӣ самаранок амал карда метавонад».
Б. Д. Элконин: «Салоҳиятнокӣ воситаи азнавсозиро ба таври қатъӣ ифода менамояд».
В. В. Башев: «Салоҳиятнокӣ имкони рушди қобилиятҳоро дар шароити беҳтар ба вуҷуд меорад ва салоҳияти шаклгирифта ба сатҳи дигари салоҳият оварда мерасонад».
А. М. Аронов: «Салоҳиятнокӣ ҳамчун омодагии мутахассис ва ба фаъолияти муайян ворид шудан аст».
П. Г. Шедровский «Салоҳиятнокӣ ҳамчун омодагии махсус ба фаъолияти касбии оянда».
Ақидаи И. Ф. Исаев: «Салоҳияти касбӣ доираи ваколатҳои ягон мақомот ё шахси вазифадор, инчунин масъалаҳоест, ки касе хуб огоҳ аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё