Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАРЁБОД

Дарёбод дарё дорад,
Бари дарё ҷо дорад.
То деҳаи Дарёбод
Монад сарсабзу обод,
Ҷорист рӯзу шабон
Дарёи Кофарниҳон.
Дар ин деҳ карда манзил
Садҳо марди дарёдил,
Чун дарё пиру ҷавон
Соҳиби табъи равон.
Ҳар гаҳ равам Дарёбод,
Дил гардад хураму шод.
Як сӯ саҳрои гандум,
Хандон бубинам мардум.
Як сӯ боғи шакарбор,
Девораш аз гули хор.
Аз дари боғ дароям,
Оғӯши худ кушоям.
Шамида бӯи модар,
Бӯсам зи рӯи модар.
Паҳлӯякаш нишинам,
Аз боғаш хурмо чинам.
Модараму Дарёбод
Умре наравад аз ёд.

пешина
аз 80
навбатӣ