Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Тугмаҳояш дар ҷояш,
Озода кафши пояш,
Аҷаб ки дар пироҳан
Надорад доғи равған.

Дар шими ӯ гарде нест
Бачаи озода кист?
Намеояд боварам,
Ки ин писар Ховарам.

  • Бовар кунед, очаҷон,
    Ман писари шумоям,
    Ин шиму куртаи нав
    Ҳозир овард дадоям.
пешина
аз 80
навбатӣ