Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

САБЗИКОР

Ба дидани Гулнигор,
Рафтам деҳи Сабзикор.
Гуфтам аз ном аён аст
Сабзияш фаровон аст.
Гаштам саропои деҳ,
Рафтам ҳама ҷои деҳ,
Ин сӯй дидам пахта,
Он сӯй дидам пахта.
Пахта дар миёни боғ,
Пахта дар канори роғ,
Назди дабистон пахта
«Пахта, пахта, ҷон пахта».
Надидам кони сабзӣ
Ному нишони сабзӣ,
Аҳли деҳи Сабзикор
Сабзӣ харад аз бозор.

пешина
аз 80
навбатӣ