Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БОРОНИ БАҲОРӢ

Шибир-шибир меборӣ.
Аз бому дар мешорӣ,
Бо қатраҳои нармат
Ба ман чунон мефорӣ.

Ваҳ, чӣ хуш тоза шустӣ
Раҳраву гулу гулзор,
Барги ҳама дарахтон
Тоза кардӣ аз ғубор.

Шишаҳои тиреза
Шуд пурҷилою рахшон,
Рӯи ҳавлӣ озода,
Наёбӣ гарде дар он.

Эй борони баҳорӣ,
Зуд-зуд бибор, илтимос,
То шавам ҳар бегоҳӣ
Аз ҳавлирӯбӣ халос.

пешина
аз 80
навбатӣ