Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ТӮТИГУФТОР

Лола китоб мехонад,
Ҳай бошитоб мехонад.
Мехонад мисли булбул,
Бе нуктаю бе вергул,

Чун ровии сухандон,
Мехонад аҷаб равон.
Варри-варрос мехонад,
Шарри-шаррос мехонад.

Лек пурсидаш аз мазмун,
Ҳолаш шавад дигаргун.
Лолаи тӯтигуфтор,
Аз гап монад ба якбор.

пешина
аз 80
навбатӣ