Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Бобоям дар сари хон
Аз ҳама боло шинад,
Момоҷонам ҳамеша
Аз бари бобо шинад.

Падарҷони ман аз рост,
Аз чап шинад модарам,
Паҳлуи модарҷонам
Ҷои ману додарам.

Вале хоҳараки мо
Мешинад аз мо боло,
Медонӣ, ҷояш куҷо?
Сари зонуи момо.

пешина
аз 80
навбатӣ