Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБО ОМАД АЗ САФАР

Бар рӯи момоҷонам
Сурхӣ дамид ин саҳар,
Бедарду ғам омадаст
Бобоҷонам аз сафар.

Момоҷонам аз шодӣ
— Хуш омадед, бобо! — гуфт,
Бобоҷонам дар ҷавоб
— Хушвақт бошед, момо! — гуфт.

Ман пурсидам: — Ҳой бобо,
Чӣ овардед баҳри мо?
Гуфт момо бо дилсӯзӣ:
— Азоб надод дарди по?

Додарам гуфт: — Бобоҷон,
Кушоед зуд ҷомадон,
Момо пурсид: — Дар сафар
Шифо ёфт дарди миён?

Бобоям аз ҷомадон
Савғоҳоро баровард,
Рӯймоли хурду калон,
Мошинчаи сурҳу зард.

пешина
аз 80
навбатӣ