Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Кӣ суруч ман метозад?
Аз диданам менозад?
Шодон барам кӣ ояд?
Кӣ шеъри ман сарояд?
Маҳинабонуи мо
Нури ду чашми момо.
Мисли худам рӯи кист?
Пайваста абрӯи кист?
Монанди ман дар хона
Кӣ бо қалам дугона?
Намедонед? Гӯям рост,
Маҳинабонуи мост.
Қалам зебад ба дасташ
Усма ба чашми масташ,
Ширин нозу адояш
Форам бувад садояш.
Моро кӣ механонад?
Аз ғам кӣ мераҳонад?
Намемонад шавем пир
Бошем як лаҳза дилгир.
Кӣ бо рақсу бо ҷавлон
Мекунад моро ҷавон?
Ҷону ҷаҳони момо,
Маҳинабонуи мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё