БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Дар охир кӯдаки якум номи ҳамаи кӯдакони дар давра истодаро мегӯяд. Мақсади гузаронидани ин бозӣ аз он иборатаст, ки дар рафти бозӣ мураббӣ кӯдаконро таълиму тарбия медиҳад ва онҳо номҳои ҳамгурӯҳҳои хешро аз худ менамоянд.
Ба монанди:
– тарбияи ягонагӣ, ташккули кӯдакон;
– дар хотир доштани номҳо муоширати байни якдигар;
– гӯш карда тавонистан;
– бодиққат будан.
Бозии дигар бо номи “Об, замин ва осмон” хеле муфид аст.
Дар ҷараёни бозӣ кӯдакон давра меистанд, мураббӣ дар мобайни давра, дар дасташ тӯб ба кӯдакон рӯ оварда “об” мегӯяд ва тӯбро тарафи яке аз кӯдакон ҳаво медиҳад.
Мувофиқи шарти бозӣ кӯдаке, ки тӯбро медорад, бояд як ё якчанд ҷонварони обиро (моҳҷ, наҳанг ва ғайраро) номбар намояд ва тӯбро ба мураббӣ баргардонад. Мураббӣ тӯбро ба дигар кӯдак, ҳаво дода “замин” мегӯяд. Кӯдаки тубро гирифта, номи як ё якчанд ҳайвонеро, ки дар хушкӣ зиндагҷ мекунанд, номбар менамояд (гов, саг, фил ва ғайра) ва тӯброр ба мураббӣ бармегардонад. Мураббӣ тӯбро дошта, номи як ё якчанд парандаро номбар мекунад, ки парвоз мекунанд (зоғ, кафтар, фароштурук ва ғайра) ва бозӣ ҳамин тариқ идома мекунад.
Мақсад аз гузаронидани ин бозӣ дар он аст, ки аз як тараф, нутқи кӯдакон инкишоф меёбад, аз тарафи дигар, кӯдакон олами ҳайвонотро аз худ мекунанд.
Ҷараёни бозии навбатӣ бо номи “Маро, ки ҷеғ зад?” чунин аст.
Кӯдакон як саф меистанд ва як нафар бо интихоби мураббӣ дуртар рафта, пушташро аз тарафи дигарон мегардонад. Яке аз кӯдакони дар саф буда, бо ишораи мураббӣ ӯро даъват мекунад. Кӯдак номи бачаи фарёд кардаро бояд ёбад. Дар ин ҳангом, ишора карда бо даст ва ё ангӯшт ҳисоб карда намешавад ва мувофиқи тартиботи бозӣ бояд номи ҷеғзада пурра гирифта шавад.
Мақсади бозӣ аз он иборат аст, ки дар ин бозӣ ҳисси шунавоии кӯдакон инкишоф меёбад ва нутқашон бурро мегардад. Ҳамчунин, тавассути ин бозӣ мазкур кӯдакон ободу тартиби бо якдигар муносибат ва муошират карданро меомӯзанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё