Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Пеш аз баҳогузорӣ ва ҳавасмандкунӣ, мураббӣ боз ба бачаҳо рӯ оварда мегӯяд:
– Шумо, бачаҳо бозиро хуб иҷро кардед. Акнун шеъри ба ин мавзӯъ бахшида шударо якӣоя қироат мекунеа. Бачаҳо акӣоя ин шеърро мехонанд:

Яку дую сею чор,
Чидем себҳои бисёр.
Аз боло, аз поён,
Хурду калон.
Ғелон-ғелон,
Тозон-тозон супорем
Ба боғчаи бачагон.

Мураббӣ ва харгӯшча ба бачаҳо барои иштироки фаъолона дар бозӣ ва қироати шеър изҳори миннатдорҷ карда, ба фаъолон таҳсину офарин мехонанд.

Бозӣ (латифа)

Духтарчае ба модараш гуфт:
– Модарҷон, ба ман боз ду-се дона шакалод диҳед.
– Шакалоди додаамро чӣ кор кардӣ? - пурсид зан хавотиромез.
– Нисфашро ба сагчаам додам.
– Чаро?
Духтарча гуфт:
– Агар ба вай шакалод надиҳам, вай бо ман бозӣ намекунад.
Завқи таълими бозиҳо ва таъсири ҷисмонию руҳии онҳо дар кӯдакистон Зинаи аввали таълиму тарбияи кӯдак дар баробари оила кӯдакистон буда, дар ҳаёти минбаъдаи кӯдак нақши хеле муҳим мебозад.
Бинобарин, дар кӯдакистон тамоми шароитҳоро барои ривоҷу равнақи ҷисмонию руҳии тифл муҳайё намудан муҳим аст.
Дар таълиму тарбияи кӯдак мураббиён бояд борикбину нуқтасанҷ
бошанд, бо эҳсосоти нозуки худ ба ин эҳтиёҷманд ҳастанд. Бо ин мақсад дар раванди таълиму тарбия дар кӯдакистон бояд кӯшиш намоем, ки бештар бозиҳои гуногуни таълимиро вобаста ба завқи кӯдакистон истифода барем.

пешина
аз 108
навбатӣ