БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Наврасон
Аз аввал хонданОмодагӣ ба бозӣ:
Маводи вобаста ба бозӣ, ки онро мазмуну муҳтаво мебахшад, пешакӣ ба намоиш гузошта шуда, ба бачаҳо рафти бозӣ ва ширкати ҳар яки онҳо мушаххас фаҳмонида мешавад. Набояд натиҷагирӣ аз бозӣ ва мукофотонидан фаромӯш гардад.
Албатта, мураббӣ барои ҳар як бозӣ мусиқӣ интихоб мекунад.
Интихоби иҷрокунандагони нақшҳо:
- Бачаҳое барои чунин бозиҳо интихоб мешаванд, ки дорои малакаи иҷрои нақшро доранд.
- Ҷои баргузории бозӣ ва ашёи зарурӣ.
- Таваҷҷӯҳ ба персонажҳо, ки мавриди истифода (тақлид) қарор мегиранд.
- Истифодаи каломи зарурӣ, ки ба бачаҳо фаҳмо бошад.
Ҳамаи чунин бозиҳо хусусияти серҳаракатӣ доранд. Одатан ин бозиҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд – серҳаракати дорои қоида ва варзишӣ.
Гурӯҳи аввал бозиҳои дорои мазмунҳои гуногунро вобаста ба малакаи иҷрои бачаҳо мураттиб месозанд. Ҳатман қоида – низом ба эътибор гирифта мешавад, то бозии серҳаракат аз рӯи нақша иҷро гардад.
1 Бозии сюжетдор авлавият дорад, зеро он ба дилхушии бачаҳо мусоидат менамояд.
Гурӯҳи дуввум бошад, метавонанд бозиҳои варзиширо созмон диҳанд, ки ин бо дарназардошти худи мураббӣ ба роҳ монда мешавад.
Масалан, дав, аз монеаҳо гузаштан, тӯбчаҳоро дар ду кунҷи муқобил ба халтаҳо ҷой кунонидан ва ғайра.
Пеш аз оғози бозӣ маводро аз назар мегузаронанд, чандин нафар ба бозӣ омода карда шудааст. Бачаҳо маводро бинанд, ба онҳо шинос шаванд ва иҷозат дода шавад, ки либосҳоро ба бар кунанд.
Ҳоло дар муассисаҳои томактабӣ аз бозиҳои дилхушкунанда васеъ истифода мебаранд. Мутахассисону педагогҳо вақти гузаронидани чунин бозиҳоро 20-25 дақиқа муайян намудаанд, ки ин вақт, албатта, барои гузаронидани ҳар як бозӣ басанда аст. Вале мешавад, ки вақт
Авлавият.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё