БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Қоидаҳои бозӣ:
- Тӯбгузарониро танҳо бо фармони раҳбар сар кардан лозим аст.
- Агар бозингаре тӯбро ғалтонад, ба ӯ ёрдам кардан мумкин нест.
- Тӯбро аз болои як бозингар гузаронидан мумкин нест.
- Якбора ду тӯб дода, гузаронидан мумкин нест.
Хатбарак – хатбиёрак
Ин бозӣ ҳанӯз дар асри XI маҷуд будааст. Кӯдакон, ба калонсолон тақлид карда, оид ба хатбарӣ ҳар гуна бозиҳо ташкил мекардаанд.
Ҷой ва асбоби бозӣ: стадион ва майдон. Конверти аз картон тайёркардашуда ва навиштаҷоти “Мактуб”.
Тайёрӣ ба бозӣ. Роҳбар бозингаронро ба ду команда тақсим мекунад. Фосила аз 15 то 20 метр чен карда мешавад.
Дар як тарафи майдон дар рӯи хати рост як чоркунҷа мекашанд, ки он гӯё идораи почтаи шаҳрӣ аст, дар тарафи дигари майдон чоркунҷаҳо қайд мекунанд, ки гӯё онҳо хизмати почтаро ба ҷо меоранд.
Дар рӯи хати рост якчанд нуқта (пункт) ишора карда мешавад. Роҳбар дар он ҷое меистад, ки бозӣ аз он ҷо сар мешавад. Дар почтаҳои шаҳрӣ ҳам яктоӣ бозингар меистад. Бозингарони дигарро дар нуқтаҳо мемонанд.
Рафти бозӣ. Бо фармони роҳбар бозингароне, ки дар почтаҳои аввал (чоркунҷаҳои аввал) меистанд, аз он ҷое, ки бозӣ сар мешавад, конвертҳоро ба назди хаткашонҳое медаванд, ки дар якчанд нуқта истодаанд. Ҳамаи бозингаронро ҳар ду каманда конвертҳоро бо якдигар дода, то почтаи шаҳри дигар мерасонанд. Аз он ҷо дигар хаткашонҳое, ки дар почта истодаанд, конвертҳоро қабул карда ақиб медаванд ва конвертҳоро ба дигар хаткашонҳое медиҳанд, ки дар нуқтаҳо истодаанд. Ҳамин тавр, конвертҳоро боз ба ҷое бармегардонанд, ки аз он ҷо фиристода шуда буданд, яъне ҷавоб бармегардонанд, онҳо бояд дар ҷойҳои худ рафта истанд.
Дар почтаҳо яккасӣ меистанд, дар нуқтаҳо дукасӣ. Базеҳо хат мебаранду баъзеҳо хат меоранд. Ҳамин тавр мешавад, ки ҷавобҳоро аз почта кӣ тезтар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё