БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Дар стартҷой судья интихоб карда мешавад. Ба бозӣ падару модарон роҳбарӣ мекунанд. Барои мукофот додан дафтар, қалам, ручка, китоб, ё ки байрақи сайёри синф лозим аст.
Рафти бозӣ. Бо амри судья ҳама бозингарон ба хотимаҷо медаванд.
Ҳар кадоми онҳо кқшиш мекунад, ки тезтар даваду мукофот гирад.
Пас аз супорида шудани мукофот ба бачаи якум ба финиш расида, ҳама ба ҷойҳои худ бармегарданд. Касе, ки якчанд бор ба финиш пеш аз дигарон мерасад, ғолиби бозӣ ҳисобида мешавад. Бозингаронро ба ду команда тақсим карда, бозиро гузаронидан мумкин аст. Агар бозӣ дар байни командаҳо гузаронида шавад, ба командаи ғолиб байрақи сурхи сайёри синф ё мактаб супорида мешавад.
Қоидаҳои бозӣ:
- Бе амри судья давидан мумкин нест.
- Пас аз эълон карда шудани натиҷа ба ҷойҳои аввал, баргаштан лозим аст.
Хола – хола
Ҷойи бозӣ: майдонча, зал, замини ҳамвор.
Тайёрӣ. Роҳбар бозингаронро қатор карда, ду баранда интихоб мекунад. Яке аз онҳо “уқоб” ва дигараш “мокиён” номида мешавад. Бозингарони боқимонда – ҷӯҷаҳо.
Дар як тарафи зал чоркунҷа ё доирае кашида мешавад, ки он лонаи “уқоб” номида мешавад. “Уқоб” дар лонаи худ меистаду “мокиён” дар майдон. Ҷӯҷаҳо аз қафои мокиён дона чида мегарданд.
Рафти бозӣ. Бо амри роҳбар “уқоб” дастҳои (болҳои) худро ба ду тараф бардошта, парвоз мекунад ва ҷӯҷаҳоро таъкиб менамояд. Бозингар – “мокиён” ба “уқоб” имконият намедиҳад, ки ягон бозингар
– “ҷӯҷа”-ро дошта ба лонааш бурдан мегирад. Вақте ки “уқоб” ба “ҷӯҷаҳо” ҳамла мекунад, “мокиён” ба “уқоб” муроҷиат карда мегӯяд:
– “Ҷӯҷаҳоямро худам калон кардаам, ягонтаашро ба ту намедиҳам.
Онҳо ҳамроҳи худам мемонанд, аз ин ҷо зуд рав”!
Бозингари якум – “уқоб” ба сухани “мокиён” – бозингари дуввум аҳамият надода “ҷӯҷаҳо”-ро дошта ба лонааш бурдан мегирад. Доштани “ҷӯҷаҳо” ба “уқоб” осон намеафтад: онҳо аз вай мегурезанд, “уқоб”-ро фиреб медиҳанд, ба ҳар тарафи майдон медаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё