БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Шумораки охирин ба касе, ки афтод, ӯ аз давра мебарояд. Ба ҳамин тариқ, ҳама як-як аз давра мебароянду бозингари охирин мемонад, ки вай барандаи бозӣ таъин мешавад. Бозингарон аз сари нав давра шуда, барандаи бозиро дар мобайни давра мешинонанд ва чашми вайро мебанданд. Ин бозингар пиразанеро тақлид мекунад.
Рафти бозӣ. Ҳамин ки чашми барандаи бозиро бастанд, вай атрофашро кофтан мегирад. Дар ин ҳангом бозингаре аз ӯ мепурсад:
– Бибӣ, чиятон гум шуд?
– Сӯзани тилло гум шуд, - гуён боз атрофашро кофтан мегирад.
Бозингарони дигар:
– Бибӣ, сӯзанро ман ёбам, чӣ медиҳед?
– Ҳар чӣ хоҳӣ, медиҳам, канӣ сӯзанам? - гуён бо чашми баста ба тарафи бозингарон даст дароз мекунанд.
Яке аз бозингарон ба дасти барандаи бозӣ як чӯбчаро дода, мегурезад. Барандаи бозӣ оташин шуда, боз атрофашро кофтан мегирад.
Бозингарони дигар суруди зеринро хондан мегиранд:
Бибӣ, итоб кунед-е,
Ба мо хитоб кунед-е,
Мӯл кофтукоб кунед-е,
Сӯзани тилло канӣ?
Савғои бобо канӣ?
Баъди хондани суруд яке аз бозингарон дигаронро хомӯш карда, аз барандаи бозӣ (Бибӣ) мепурсад:
– Бибӣ, хонаатонро рӯбам?
Бибӣ розӣ мешавад. Он бозингар гирд-гирди барандаи бозӣ (бибии асабонишуда) тақлиди хонарӯбӣ карда, ба дастаи бозингарон ҳамроҳ мешавад. Бачаҳо бо овози баланд мегӯянд:
Ҳо ҷастаму ҳо ҷастам,
Сӯзани тилло ба дастам.
Барандаи бозӣ (бибӣ) аз ҷой ҷаста:
Сӯзани тилло канӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё