Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

гуфта бозиро сар мекунад:
Акал – ду кал,
Чору чанбар
Ӯсма киштӣ
Лубби шакар.
Гулдури гуп,
Пош – поша каш.
Ё ки:
Як калак,
Ду калак,
Чору чанбар,
Беду анбар.
Доно боно.
Тис кун (бирез),
Бӯй кун,
Хуш кун,
Даркун (каш).

Пас, бо ангуштон ба пойҳои бачагон задан мегирад. Навбат ба кӣ расад, ҳамон бача пояшро кашида руст мекунад.
“Акал-дукал” гуфта то тамом шудани пойҳо давом мекунад. Навбат, ки ба вай омад, “пота каш” мегӯяд. Баъди шуморида шудан ҳама ду сари зонуро молида, “зуволаш” камтар”, - гӯён ба сари зонуаш задан мегирад. Зонуи кадом бачае, ки кирсас кунад, чашми ҳамонро бо рӯймол мебанданд, дигар бозингарон бошанд, ба вай даст расонидан мегиранд.
Бачаи чашмаш баста кӯшиш мекунад, ки ягон касро дорад. Агар ягон касро дорад, бо вай ҷояшро иваз мекунад. Ҳамин тавр бозӣ давом кардан мегирад.

Бозии “Ма гул” Ин бозӣ яке аз тарзҳои бозии “чору чанбар” буда, дар ҳамаҷо хеле паҳн шудааст, онро “зоғу кулоғон” меноманд.
Ҷои бозӣ: зал, боғ, майдонча.
Тайёрӣ ба бозӣ. Ин бозиро бештар худи бачаҳо ташкил мекунанд.

пешина
аз 108
навбатӣ