Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
хокистарранг ҳисобашро баробар кунад. Вай бо арғамчин хеле вақт фуромада охир ба дунёи зеризаминӣ расид. Ба атроф нигоҳ карда дид, ки ҳама ҷо мисли дунёи мо будааст, ҳама ҷо сабза, дарахтон аз таъсири шамол ҷунбида, шибиршибир садо мебароварданд. Бародари хурдӣ як юрти сафедро дид. Вай ба юрт даромад. Дар он ҷо як духтареро дид, ки рӯяш аз офтобу моҳтоб ҳам равшантар буд. Ҷавон ба он духтар ошиқ шуда, дар пеши ӯ монд.
Аз байни як сол гузашт, ҷавон банохост ба худ омад.
— Охир, ман аз пайи гурги хокистарранг омадаам, — гуфт ӯ ба соҳибҷамол. — Хуш бош, ман рафтам!
Ӯ чанде роҳ рафта, боз юрти сафедеро дид. Дар юрт духтари соҳибҷамоле менишаст, ки аз аввала ҳам зеботар буд.
Ҷавон ба он духтар ошиқ шуда, дар назди ӯ монд. Аз байни ду сол гузашт ва банохост ба ёди ҷавон расид.
— Охир, ман аз пайи гурги хокистарранг омадаам, — гуфт ӯ ба соҳибҷамол. — Хуш бош, ман рафтам!
Ӯ роҳашро давом дода, боз юрти сафедеро дид. Ба юрт даромада духтареро дид, ки аз ду духтари аввала ҳам зеботар буд. Ҷавон ба вай ошиқ шуда, дар наздаш монд. Аз байни се сол гузашт, банохост барои чӣ омаданаш ба хотираш расиду гуфт:
— Охир, ман аз пайи гурги хокистарранг омадаам! Бояд равам! Алвидоъ! — Ва ӯ боз роҳи худро давом дод. Дар охир рӯзе ба соҳили баҳр расид. Дар соҳили баҳр юрти хокистаррангеро дид. Бародари хурдӣ ба юрт даромад. Дар он ҷо як кампири хеле солхӯрдае нишаста буд.
Куҷо рафта истодаӣ, бача? — пурсид вай.
— Ба куҷо ҳам мерафтам? Қайҳост, ки аз пайи гурги хокистарранг афтодаам, ҳеҷ ба ӯ расида наметавонам.
— Гурги хокистарранг ба ту чӣ даркор? — пурсид кампир.
— Вай сесад сар барзагови моро хӯрдааст, ман бояд бо вай ҳисобамро баробар кунам.
— Бо гурги хокистарранг сару кор доштан на кори ҳар шермард аст, — гуфт кампир. — Магар тоб оварда метавонӣ?
Охир, гурги хокистарранг туро мехӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё