Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Тувзии азиз, мантуҳои ин дарахт ба ман хеле маъқул шуд. Хоҳиш мекунам, дарахтро ба ман фурӯш.

— Шумо чиҳо мегӯед, ҷаноби муҳтарам Лан, — ҷавоб дод Тувзӣ, — ин дарахтро бо ҳеҷ ваҷҳ фурӯхта наметавонам, худам мантуро дӯст медорам.

— Не, не, Тувзии азиз, рӯзи ту бе ин дарахти аҷоиб ҳам мегузарад. Ман онро мехарам. Нархаш чанд пул аст? Чанд пул?

— Эй ҷаноби Лан, нархи ин дарахт хеле қимат — панҷоҳ юанбо меистад.

Бой панҷоҳ юанбо дода пурсид, ки ин дарахтро чӣ тавр парвариш кардан лозим аст.

— Эй ҷаноби Лан, ин кори душвор нест. Ҳар рӯз ба бехи он оби гарм рехтан даркор, он гоҳ мантуҳои он ҳамеша гарм мешаванд.

Лангуазӣ рафта хизматгоронашро фиристод, онҳо ниҳолро бо эҳтиёт канда, дар боғи ӯ шинонданд.

Лан амр мекард, ки ҳар пагоҳӣ ба бехи дарахт оби гарм резанд. Аз байн як ҳафта гузашт, вале дар шохаҳои он чизе пайдо нашуд. Баръакс, дарахт зуд хушкида баргҳояш зард шуда рехтанд. Бой фаҳмид, ки Тувзӣ ин дафъа ҳам ӯро фириб додааст. «Акнун ӯ аз дасти ман халос намешавад, ман адаби ин фирибгарро медиҳам!» — аз дил гузаронид Лангуазӣ.

Тувзӣ аз дур дид, ки бой ба тарафи онҳо асп давонда омада истодааст. «Нобуд шудам, — фикр кард Тувзии зирак. — Чӣ кор карданамро намедонам...» Вале дар як лаҳза ҳилаи наве ёфту ба занаш гуфт:

— Вақте ки Лан меояд, ман туро ба задан сар мекунам. Ту печутоб хӯрда дод гӯй, ёдӣ пурс. Ман бо ин калтак ба сарат мезанам. Ту худатро ба замин парто. Лан ба назди ту меояд. Ту худатро ба мурда андоз. Вақте ки ман бо нӯги дигари калтак оҳиста ба паҳлӯят ҳала мекунам, аз ҷоят хез ва гӯё ки ҳеҷ воқеа нашуда бошад, ба корҳои хона машғул шав.

Лангуазӣ расида омад. Аз хонаи Тувзӣ овози доду фарёд баланд шунида мешуд. Бой ба хона тохта даромада дид, ки камбағал занашро бо калтак зада истодааст. Ва инак Тувзӣ

пешина
аз 200
навбатӣ