Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Барои дили сангу сарди Ту, эй офтоби ман, таронаи пурсӯзамро намегӯям. Мехоҳам сангеро аммо аз диёри Ту биёранд ва дар он ин як таронаро бинависанд. Рӯи гӯри ман баъд мебинӣ, ки аз тобиши офтобу борону барфу ҳавои гарму сард газанд намеёбад.

Ба Ту чӣ бигӯям, ки дӯстат медорам, чӣ нагӯям, ҳама яксон аст. Оре, Ту ҷавонеро дӯст медорӣ, ки намедонад дӯст доштан чист. Агарчӣ барои ман бефарқ нест, намегӯӣ, ки он ҷавон кист. Балки мехоҳӣ барои шумо хушбахтӣ таманно кунам. Ва магар таманнои як ошиқи бадбахти Ту ба шабу рӯз ҳамин нест?

Садҳазор сол хостӣ маро ба номи меҳр бифиребӣ.
Садҳазор сол хостам бо меҳр Туро ба сидқ ошно бисозам.
Аммо на Ту ба мақсад расидӣ, на ман. Ва, шукр, зиндагӣ ба беҳуда нагузашт.

Ба ҷавоне дил додаӣ, ки намедонад ишқ чист. Агар дили Туро рӯи санги сарде бигузораду биравад, ба фириб худро шод намо, ки ба қадри санги диёрат низ расид.

Гуфтам: «Назири Ту, эй ёр, дар ин шаҳр ҳеҷ кас нест». Ва Ту бар ҷавоне дил додӣ, ки аз ин шаҳр набуд.

Гуфтӣ: «Аз мард ман сарват мехоҳам».
Ва мардон Туро сарватманд гардониданд. Замоне агар ба бедорӣ бигӯӣ: «Ман дил мехоҳам», ҳеҷ кас аз рӯи дилсӯзӣ намегӯяд: «Ононе, ки дил доштанд, садҳазор сол пеш дар хоки тираву сард хуфтанд».

— Ман ба суроғи ҷавоне омадаам, ки садҳазор сол пеш дил ба ман дода буд.

пешина
аз 210
навбатӣ