Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Офтоб дар ин фасли сарди зимистон намехоҳад рух намояд. Аммо Ту набояд бад-он дилсардӣ рух нанмой. Мо чун аз офтоби рухи Ту рӯшан мешавем ва ҳам гарм.
Бо пиразане имрӯз видоъ кардем, ки ҳама умр ошиқона зист ва зиндагиро чун як дилдода дӯст дошт. Агар зиндагӣ пайкараи Ӯро дар дили худ намесозад, ман ҳеҷ намеранҷам. Охир, Ту низ, эй зиндагии ман, бо ҳар кӣ бас дӯстат дошт, бевафоӣ намудаӣ.
Чаро ин роҳ ҳеҷ поён надорад? Меравему меравем ва ҳеҷ намерасем. Бояд дидори он дӯстони беҳтар аз ҷонро бубинем. Ҳама ҷамъ меоянд, то бо як дӯст, ки ба бевафоӣ моро тарк намудааст, видоъ намоем. Ба Худо, дидори Ӯро дигар танҳо дар рӯзи растохез мебинем, агар он ҳам насибамон бигардад. Ва мо ба ҳангоми видоъ дармеёбем, ки ҳама ба бевафоӣ аз дидори дӯстон маҳрум мешавем. Оре, он замон, ки зиндагиро падруд мегӯем. Аммо Ту, эй ёри беҳтар аз ҷон, чаро бад-ин зиндагонӣ бевафоӣ мекунӣ ва маро аз дидори худ бе ҳеҷ видоъ маҳрум месозӣ. Ва медонам, ки дар он рӯзи растохез низ маро аз ёрон намехонӣ.
Гиряи ман барои марги ин пиразан нест. Барои он аст, ки чаро ин мардум барои касе, ки зиндагиро бас ошиқона дӯст дошт, ашк намерезанд. Ва, аммо гуноҳи ин пиразан барои мардум танҳо он аст, ки аз ҳисоби марг бештар зист ва бо муҳаббат ҳастиро дил дод.
Офтоб ҳам рух нанмуд. Аз марги пиразане, ки зиндагиро бас дӯст медошт, шарм кард.
Дидори Ту, эй ёри беҳтар аз ҷон, имрӯз насибам нашуд. Бо пиразане, охир, видоъ кардем, ки ҷони гиромияшро оқибат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё