Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Хона бадар наравӣ. Ва ё боз ҳазор ошиқи дигарро низ чунин гуфтай?
Бахт як шаб дар хонаи мо буд. Надонистем ба меҳмонӣ омадааст. Пиндоштем ҳама умр бо мо мемонад.
Саҳар ӯ хандон аммо рафт. Рафт ва ҳама хонаро баъд гирён намуд.
Дидӣ, хонаи ин бадбахт дилдодаи ту бас тира буд. Ва чаро ҳама умр рӯшаниро аз ӯ дареғ доштӣ?
Як шаб ҳам, ки он Бахт меҳмони хонаам буд, ҳама аз ошиқони худ сухан мегуфт ва боре номи маро ба фаромӯшӣ ҳам ба забон намеовард.
Оҳ, мардум агар маро пас аз рӯзе зинда наёбанд, ба шодмонӣ мегӯянд, ки Бахт хонааш омад ва ӯ аз шодӣ ҷон нисор кард.
Ва ҳеҷ кас нахоҳад донист, ки Бахт омад, аммо амр кард, ки ба бадбахтӣ бимираму ҳам аз рашк.
Дар хонаи ман бо ҳазор ошиқи худ сухан гуфт. Аммо ба шукри ин омадан ман бояд ҷон нисор менамудам?
Шаб, ҳама шаб боми пурбарфи хонаи мо мегирист. Ва ту, эй зебо нигори ман, ба хоби ноз рафта будӣ. На гиряи ӯро медидӣ, на овозашро мешунидӣ.
Ва бом он шаб дар ҳоли гиря танҳо буд, танҳои танҳо. Аммо саҳар ӯро ҳамроҳӣ намудем. Оре, вақте рафтӣ.
Бароят ҳеҷ чизро таманно намекунам. Охир, ту аз ҳама чиз болотарӣ ва ҳам қиматтар. Агар боре таманно мекунам, танҳо Туро ба Ту таманно мекунам.
Ва чӣ хуш, ки ҳам туро арзандатар касе ҷуз Ту нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё