Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Мерехтам, ин диёр, ки нишони биҳиштро дошт, маро ҳеҷ намебахшид ва бад-ин гуноҳ умре дар оташи дӯзахи пушаймонӣ месӯхт. Ва боз ситораҳо буданд, ки ба имдодам омаданд ва гуфтанд, ки моҳ имшаб аз осмон фуруд омадааст. Пас аз ин дар паҳлӯи худ он Ёрро дидам, ки зеботару раънотар аз моҳ омада буд ва мегуфт: «Умре дар осмонам ҷустӣ, акнун дар ин диёр аз заминам низ маҷӯ, ки бо туям ва бо ту мемонам. Оре, чун як ошиқ, як ошиқи содиқ».

Дигар он Ёр маро дӯст намедорад ва ман низ Ӯро ҳеҷ ёд намеорам. Номаҳояшро дар оташ як фасли сарди зимистон сӯхтам ва он қаламеро, ки ба номаш тарона менавиштам, шикастам. Ҳама расмҳояшро, ки дар он ба ҷавонӣ ва ишқ менозид, ба ҷавоне додам, то бовар бикунад ёраш дил дораду ба ҷаҳон ошиқона менигарад. Аммо ниҳолеро, ки ба номаш дар боғи зебои диёрам дар оғози фасли баҳор нишондам, натавонистам бибурам. Охир, бас сабз асту пурбор ва ҳама дарахтони дигар ба он рашк мебаранд.

Ба афсонаи ширини муҳаббат диламро бурд. Дигар ба бедилӣ шӯҳраи ин шаҳрам. Медонам, Ӯ ҳеҷ гоҳ намеояд ва ёдам низ намеояд. Оҳ, агар касе медонист, ки Ӯ дар куҷост, ба Худо, ҳама суроғ мешудам. Аммо агар дар ҷои беҷоист, маро он пову рӯҳи равон нест, ки ба он ҷо биравам. Замоне марг дари хонаамро мезанад, барои Худо, зиндагии ин бадбахт ошиқро афсона манмоед. Охир, мехоҳам ҳама як афсонаро бигӯянд. Оре, афсонаи ширини муҳаббати Ӯро.

Беш аз лаҳзаие бо ҳам набудем. Замоне ҳам, ки ҷудо шудем, абр дар ҳоли гиристан буду офтоб мехост бихандад. Духтараки сарбанди сабздошта ба дуриҳо менигарист ва ашк мерехт. Лӯлие аз ҷавони ошиқ фол мегирифт ва ҳақиқатро ба хориҳо пушти по мезад. Пирамарде барои он, ки як рӯзи дигар зинда бимонад ва маргро бифиребад, бо дутори шикастааш

пешина
аз 210
навбатӣ