Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То ки боз ягон сухани сахт гуфта, сӯҳбатро барҳам назанад, Ирина обсофкунак шуд:
— Ба ман нигар, Занҷир, Кабир маҳз барои ту шампанро наовардаст. Ба хонаи ҳамкоронам дасти холӣ надароям гӯён, овардагӣ. Назокату ҳалимӣ, посихотирдорӣ ба ҳусни духтар ҳусн илова мекунад, мегӯянд. Ба ту чӣ шуд? Ба дигарон ақлу фаросат ёд медодӣ. Барои узри гуноҳат акнун мегирӣ, нагирӣ, мо меранҷем. Бигир, гуфтам, бигир, — Ирина қадаҳи шаробро ба дасти Занҷир дод.
Баъди он ки зиёда якравона талаби шаробхӯрӣ карданд, Занҷир дилтанг шуд ва оқибат қадаҳро бардошту шароби онро аз тиреза ба берун пошид. Ба пошидан пошид, вале баргашта ба авзои ҳозирон нигаристу фаҳмид, ки ин кораш ба дили онҳо бағоят сахту нохуш асар кардааст, аз карда пушаймон шуд. Вай ҳеҷ чашмдор набуд, ки аз шароби қадаҳашро партофтани вай ҳамнишинон ин қадар меранҷанд.
Табъи ҳама якбора хира шуд, ҳолате рӯй дод, ки ҳар чаҳор тан ноҳинҷор монданд ва сар бардошта ба рӯи якдигарӣ нигариста наметавонистанд. Баъд Ирина ба чашми Занҷир нигариста, маломатомез сар ҷунбонду гуфт:
— Густохӣ ҳам ба эбаш, духтар! Барои ҳурмати ҳозирон як бор лаб тар карда, истаконро монӣ, қиёмат қоим намешуд.
— Густохӣ будаст! Қишлоқигарӣ, — лаб каҷ кард Салима. Сонӣ сухане ҷонгудозтар гуфтан хосту лаб ҷуфт кард, вале нигоҳи таъхирталаби Иринаро фаҳмиду хомӯш монд.

пешина
аз 538
навбатӣ