Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аст, ба ҳар хел духтар хонадор намешавад. Фаразан, агар хонадор шудан хоҳад ҳам, балки саргузашти ӯро шунида, падару модараш розӣ нашаванд. «Ба духтар қаҳтӣ омад магар, ки қишлоқии бадномшударо зан мекунӣ?» — мегуфтагистанд. Ба ман ин хел иқдисодчию инҷинер ҳам набошад, хушрӯ ҳам набошад, бигзор, як ҷавони оддӣ, кору суханаш мувофиқ, меҳрубон бошад...
Чӣ ҷавоб диҳам? Беҳуда ӯро саргардон карда гаштан хуб не. Хуб, ана, падару модарам омада, пурсуков карда, чӣ хел одамон будани онҳоро мефаҳманд, лекин...
Ба ман ҳанӯз вай як марди бегона барин. Одам ҳамдеҳагонашро медонад, мешиносад, лекин ин... Чӣ кунам? Эҳ, ку он муҳаббате, ки дар китобҳо менависанд, тану ҷони касро сӯхта, миқнотис барин ду дилро ба якдигар ҷазб менамояд?.. Медонам, дар дуньё на ҳар кас ин хел муҳаббати сӯзон меёбад, вале ман, хоҳӣ заҳр аст, хоҳӣ шаҳд аст, як бор онро чашидан мехоҳам...
Кабир маъқул аст, аммо... Бадалбек агар фаҳмад, хап намешинад, вайронӣ меандозад. Дар деҳа мегуфтанд, ки раиси комиссияи тафтишоти колхоз Рустам қатӣ тараф афтоду он бечораро ба ҳар коре таъин кардан хоҳанд, Бадалбек монеъ мешавад. Ба район ба кор гирифтан хостаанд, дар ҳамон ҷо ҳам гапашро гузарондаст.
Тавба, ин чӣ гап, як одам ҳамин қадар бедодгарӣ мекунаду касе пишаки ӯро пишт гуфтан наметавонад?
Наход ки як умр мардума мазоҳ карда гаштан гирад?
Эҳ, агар ман мард мебудам, ҳозир...» Занҷир равшан дар тасаввур овардан хост, ки агар мард мебуд, ин дам чи кор мекард. — Кӯшиш мекардам ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шавам. Инҷинер мешудам, ё духтур... Ҳеҷ набошад, ба ягон омӯзишгоҳ дохил шавам-чӣ?

пешина
аз 538
навбатӣ