Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз Бадалбек гап кушояд, Салима мегуфт:
— Мардаки бечора туро дӯст медорад, барои ту ҳозир аст, аз зану фарзанд, хонаву мол, аз баҳри мансабаш гузарад. Агар дилат андаке об хӯрад, бирас.
Ба ту боз кӣ ин қадар талабгор мешавад? Ҷавонон қадри занро чӣ медонанд?!
— Э, бас кун-е, Салима! — бо фиғон сухани ӯро мебурид Ирина. — Гул барин духтари ҳаждаҳсола ба марди панҷоҳу панҷсола мерасидаст?! Фардо чӣ хел ҳар ду ба кӯча мебароянд, ҳамкорон чӣ мегӯянд, фикр кун.
Ин ҳам орзу дорад, ҳавас дорад. Дар кӯча ҳар касе ин хел ҷуфти номувофиқро бубинад, «Э, ҳайф-е!» гуфта мегузарад.
— Гап-дия, ба чӣ гуфтани одамон чӣ кор дорад?
Бигзор, гап зананд! Худашон ба як мӯза ё пӯстин зору гап мезаданд-да. Ҳой, гарангҳо, вай мард як мильюн пул доштагист, ба ҳафт пушти Занҷир мерасад. Ба Занҷир боз чӣ даркор аст? Ман-ман гуфта гаштагӣ ҷавонҳо аз паи хизматаш метозанд. Ишқ, муҳаббат, идеал гуфтани чизҳо дар дуньё бошад ҳам, барои мо одамони оддӣ не.
Ба ману шумо лозим ҳам нест. Мо ба дуньё омадаем, ки зиндагӣ кунем, ба орзую ҳаваси худ бирасем. Орзую ҳаваси мо аз чӣ иборат аст, медонед? Гапҳои ҳавоиро як сӯ таҳ карда монед. Нағз хӯрдан, нағз пӯшидан, бароҳату фароғат умр ба сар бурдан — ана, ҳамин орзуи

пешина
аз 538
навбатӣ