Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҳамроҳ ба боғ меравем, бо ҷавонон шинос мешавӣ, гуселат мекунанд... Ана, сонӣ Бадалбеку даллааш ҳад доранд, ки ба ту наздик шаванд. Ба боғ рафтан катӣ, дарҳол туро намехӯранд. Урфу одат гӯён дар кунҷи хона мағор зада нашин, Занҷир. Агар духтар бамаънӣ, хулқаш покиза бошад, аз боғ ҳам шинохта мегиранд, аз ресторан ҳам. Нигоҳ кун, ҷавонону духтарон дар шаҳр чӣ хел мегарданд?! Ҳозир пешопеши ман ду ҷуфт писару духтар
— тоҷикон меомаданд. Кӯр шавам, ки кадоме духтару кадоме писар фарқ кардан натавонистам.
— Намедонам, дар ҳама кор ба мардон тақлид кардани занон дуруст аст ё не, аммо урфу одати халқро на фақат ман, балки ҳазорҳо ман барин духтарон ба майдончаи боғ рафта рақсанд ҳам, тағйир додан наметавонанд, — гуфт Занҷир сухани Иринаро бурида.
— Худро бадбахт мекунанду бас. Пешравӣ, тамаддун мегӯӣ, наход, ки он ба рақсу ишқбозии рӯирости духтарон вобаста бошад? Намебинӣ, ҷавонони донишҷӯ сари духтарони гӯлро гардонда, рақс мекунанд, шабу нимишаб дар кӯчаҳо дасту бағал мегарданд, аммо аксар ба деҳаашон рафта, ба ҳамон духтарони ба қавли ту, бемаданият хонадор мешаванд. Духтароне, ки саросема ба маданиятнокии онон бовар мекунанд, фиреб мехӯранд.
— Э, мон, туро тарбия карда натавонистем, — гуфт даст афшонда Ирина. Ин дам Салима ба хона даромаду Ирина ба вай рӯ овард: — Ҳой, зани занон, куҷо гаштӣ, ба хона хостгор омадаст! Хостгор катӣ худи духтарамон гапзанон кардаст. Аслан, барои чӣ мо худи Бадалбекро ба ин ҷо даъват карда, рӯ ба рӯ гапзанон намекунем?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё