Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ба ин тариқ аламнок механданд, Занҷир чӣ гуфтанашро андешида, лаҳзае сукут кард. Ба забонаш ягон ҷавоби оқилона ва мувофиқи ҳол наомад, то онро гӯяду заҳри дилаш резад ва таскин ёбад.
— Аз чӣ бошад, ки ба шумо чӣ гуфтанамро намедонам, Кабир ако, — оқибат вай дардолудона лабханде карду ба рӯи ҷавон нигарист. Сонӣ диққаташро ҷамъ карду ифодаи нигоҳи ӯро ба мушоҳида гирифт ва ба оҳанги ҷиддӣ гуфт: — Алҳол шуморо умедвор намекунам. Мо якдигарро нағз намешиносем. Ҳамин тавр не? Нағз мебинем гуфта наметавонем. Ба ҳар ҳол, бешитоб, бесаросемагӣ эҳсосотамонро имтиҳон кунем, он гоҳ пушаймонӣ намекашем. Падару модари шумо маро намешиносанд, волидайни ман ҳам. Ба ғайр аз ин, метарсам ягон рӯз хешони шумо саргузаштамро шунида, ба рӯям таъна кунанд. Ман ин ҳолро тоқат оварда наметавонам, сарам калу дилам нозук аст. Хоҳиш мекунам, дигар ба хобгоҳ наоед, дар корхона ҳам маро ба гап нагиред, шояд ғайбати одамон кам-кам барҳам хӯрад.
— Шумо хотир ҷамъ доред, ман ба наздикони худ мефаҳмонам, — гӯё духтарро маҳз тарси таънасорӣ ба ин ҳол афканда бошад, зуд ба таскини вай забон кушод Кабир. — Дар шаҳр ба ин хел суханон кӣ гӯш мекунад?!
Шумо одамони шаҳрро намедонед, Занҷир.
— Ана, шумо гӯш кардед-ку! — Занҷир аз чӣ бошад, ки ба чашми ҷавон нанигариста сухан мекард. Сонӣ ба сараш чӣ фикре расиду бо табассум илова кард: — Агар ягон духтари таҳи чашм кардагиатон бошад, тӯйро ба таъхир нагузоред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё