ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Расонидам сарамро то ба дораш,
Вале ғайр аз расан чизе надидам.
Дареғо, раф умрам, ҳосилаш чист,
Ки ман ғайр аз кафан чизе надидам.
06.07.2015
ЗАМИН ОБИСТАНИ ДАРД
Замин обистани дард асту хис аз ашки борон аст,
Сиришки ҳасрат аз мижгони сабзи барг резон аст.
Басе пири ҷавон дидам, басе дидам ҷавони пир,
Касе, ки бандаи пироҳани пор аст, пир он аст.
Напарҳез аз бари пирояи пирон, ки дар дунё
Чароғи фазл нурафшон ба пиромуни пирон аст.
Диле дорӣ агар, гиру ба тоқи умр афрозаш,
Касе фирӯзи ин дунёст, к-ӯ ҷонаш фурӯзон аст.
Наосудӣ, ки то суде ба даст орӣ, чӣ суд аз ин,
Ки суди зиндагӣ сиррест, к-андар сирати ҷон аст.
Пушаймониву ҳайронист поёни ҷаҳони пир,
Вале дар пеши ҷони ту пушаймонӣ пушаймон аст.
Намеояд ба гӯшам ҷуз нидои қар-қару қур-қур,
Чӣ дил бандам бар ин дунё, ки лочори калоғон аст.
Ҳаёташ пора-пора то ба пирӣ меравад аз даст,
Касеро рӯзгорон аз барои пораи нон аст.
Ҳама миранд, хуш он кас, ки мири табъи худ бошад.
Азиз он аст, к-ӯ умре саробони азизон аст.
Сабо ҳар субҳ меорад сафои зиндагониро,
Касе субҳи сафо бо ӯст, к-ӯ бо субҳи Субҳон аст.
07.07.2015

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё