ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ХОНАТАКОНӢ
Навбаҳор омада, мо хона таконем, биё!
Гард аз домани андеша фишонем, биё!
Шишаи панҷараҳои нигаронро шӯем,
Бехабар аз қадами ёр намонем, биё!
Нафасе тоза кунему ҳавасе тоза кунем,
Ишқ то дар дили мо ҳаст, ҷавонем, биё!
Нарасидем агар бар сари он қуллаи фатҳ,
Ба лаби чашма лаби хеш расонем, биё!
Дар рухи ёр табассум гули бахт асту мурод,
Муждаи васл чу гулҳо ба лабонем, биё!
Гираҳи банди дили яхзадаро бикшоем,
Сина ганҷинаи асрори ниҳонем, биё!
Ҳама тан пайкараи нусрату мастиву сурур,
Ҳама дил соиқаи ишқи ниҳонем, биё!
Эй ки ҳар як ҷадамат пайки умеду шодист,
Сад нигоҳе ба нигоҳат нигаронем, биё!
ЧАРО НАШУД?!
Гуфтам, ки бо ту сар бубарорам, чаро нашуд?!
Бошам шукӯҳу шаъни диёрам, чаро нашуд?!
Аз чоҳи фақру аҷз бурун оварам туро,
Бар шоҳроҳи ишқ биёрам, чаро нашуд?!
Гуфтам туро зи кӯҳи ғурур, ифтихори пуч
Бар роҳи васли хеш дарорам, чаро нашуд7!
Он сӯи ту фалокати Меҳан бувад, туро
З-ин вартаи хатар бадар орам, чаро нашуд?!
Теғи маҳалгаро тани Меҳан дарондааст,
Гуфтам туро, Ватан ба ҳам орам, чаро нашуд?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё