ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ОСТОНИ ХАЛҚ
Як умр месурудам шеъру таронаи халқ,
Чун қатрае ба дарё будам ягонаи халқ.
Оини халқ моро оина дода дар даст,
Пок аст зиндагонӣ дар остонаи халқ.
Маънои ҳастии мо расму русуми халқ аст,
Шодему шодҷонем бо шодиёнаи халқ.
Эй хонаат пур аз нур, ҳаргиз масоз хона,
Болида аз баландӣ боло зи хонаи халқ.
Олам бисӯхт рӯзе, к-аз як забона оташ
Дар сад забон забона зад чун забонаи халқ.
Бо номи халқ чанде пур карда коми худоро,
Сад бор халқ ғорат шуд бо баҳонаи халқ.
Дар рӯзи дарду мотам бе мутакко набудам,
Зеро ки будаам ман ҳамошёнаи халқ.
Дороият чӣ дорад дар дори зиндагонӣ?
Дорӣ миёни маҳкам андар миёнаи халқ.
Дар мазраъи дили халқ оё чӣ дона киштӣ,
Ҷав руст ё ки гандум аз он ҷавонаи халқ.
Дар роҳи охират ҳам дорам умеди Додор,
Тобути ман бирақсад дар рӯи шонаи халқ.
19.02.2012
ЧӢ БОЯД КАРД?!
Бо ин ҳама мову ман чӣ бояд кард?!
Бо кавдани бедаҳан чӣ бояд кард?!
Нозода зи модарон маҳалбозанд
Тифлони ту, эй Ватан, чӣ бояд кард?!
Бисёр шуданд дар диёри мо
Мардони ба табъи зан чӣ бояд кард?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё