ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ЧАШМ ПӮШИДА
Чашм пӯшида, маро чанд намо мебинӣ!?
Ман ба рӯ менигарам, ту ба варо мебинӣ!
Сӯи ойина ту ҳар гаҳ ба худат менигарӣ,
Асли худро, ки намебинӣ, киро мебинӣ?
Нек дар чашми ту зишт аст агар, зиштӣ чист?
Ман, дар ин ҷазба муҳаббат, ту ҷазо мебинӣ.
Ту ба ин пунбаи дар гӯш чиҳо мешунавӣ?
Ту ба ин дидаи барбаста чиҳо мебинӣ?
Шарм бодат, ки туро пардаи шарм афтода!
Айб бодат, ки фақат айбу хато мебинӣ!
Гул дар оғӯшиву худ буттаи хорӣ, чи аҷаб!
Хори худро ба ҳама чанд раво мебинӣ!
Ту гулӣ, руста ба сад ранг ба перояи хор!
Заҳри худро ба ҳама мисли даво мебинӣ?
Ҳарду бинем ба хуршеди саҳаргаҳ, аммо
Ман дар ин рамз ризову ту ғазо мебинӣ.
Ман зи ҳар рӯй фурӯғу ту фано меҷӯӣ,
Ман раёҳин бипазирам, ту риё мебинӣ.
Шубҳаву кинаву ғайбат ҳама ёрони туанд,
Ҳар ки санге ба ту андохт, зи мо мебинӣ.
«Чашми ман бар ҳунару чашми ту бар айб бувад,
1
Ман зи ойина сафову ту қафо мебинӣ».
5.09.2016.
Байт аз Соиб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё