ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ҳузни дили ман таровати ёди ту дошт
Дар хотири ман, хазон аз он мерезад.
Оё чӣ тавон кард, чу мерезад барг
Он гуна, ки аз танат тавон мерезад?
Барге, ки сабук кушод болу бупарид,
Пеши қадами касон гарон мерезад.
Ҳар рӯд намерасад ба дарё, дили ман,
Рӯдест, ба ишқи ту ниҳон мерезад...
ДАР ХАЗОНРЕЗ
Хазонам, хазонам, хазонам, хазонам,
Забунам, забуни замину замонам.
Ба дасти замона сабукбарги хушкам,
Ба дӯши дили худ гаронам,гаронам.
Ҳама абри гирён, ҳама дарди пинҳон,
Ҳама ҷисм як барги хушки забонам.
Ман он охирин барги нахли умедам,
Бимонам, намонам, бимонам, намонам…
Ба оғӯши худ бар маро, боди поиз,
Раҳонам, раҳонам, раҳонам, раҳонам…
Ту гуфтӣ: фидо шав! Фидоят, фидоят!
Ту гуфтӣ, ки ҷон деҳ! Ба ҷонам, ба ҷонам!
Чӣ гӯям, зари ман ҳамин рӯи зард аст,
Агарчи харидори ганҷи ниҳонам.
Диҳам ҷон ба қаҳ-қаҳ чу он барги поиз.
Ба овои рози ниҳони равонам.
10.09.2015

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё