ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
РОЗИ ХОБ
Бо касе, ки дӯстӣ медорӣ, аз ӯ
Дар бимонӣ ҳам, тамаъ ҳаргиз маҷӯ.
Рози хобатро ба дарёи равон,
Рози ҷонатро ба як бегона гӯ.
ЗИНДАГӢ ВА МАРГ
Зиндагиро медурахшонад
Дар нигоҳи чашми пирон марг.
Зиндагӣ бе марг мемирад,
Зиндагиро медиҳад ҷон марг.
ДАР РАҚС
Дар рақс таҷассум шудаӣ, мардуми ман,
Дар рақс тараннум шудаӣ, мардуми ман.
Гумкардаи кам надоштӣ дар таърих,
Дар рақси худат гум шудаӣ, мардуми ман.
ОДАМОНИ ЗАҲРДОР
Мехазад аз остине дасти мор,
Неши ақраб нест ҷуз дасти димор.
Лек медон, ҳеҷ ақраб, ҳеҷ мор
Нест бадтар з-одамони заҳрдор.
ГИРД АСТ ЗАМИН
Ӯ рафт, басе рафт, басе рафт, гузашт
Аз кӯҳи баланду аз замину дарё.
Охир омад ба д-он сароғоз расид,
Гирд аст замину гирдгардон дунё.
ИН МАСТӢ
Ин бода на он бода,
Ин мастӣ на он мастист.
Афсӯс, вале афсӯс
Ҳамсоғари хубе нест.
БО САФО БОШӢ
Бо сафо бош, сафо ҳам бо туст,
Бо вафо бош, вафо ҳам бо туст.
Гарч танҳостӣ ва ё бо ҳамаӣ,
Бо Худо бош, Худо ҳам бо туст.
АГАР НУРЕ НАДОРӢ
Агар дар дидаат нуре надорӣ,
Дар он сурат сару суре надорӣ.
Чаро по мениҳӣ бар рӯи олам,
Агар сози раҳи дуре надорӣ!?
БОЗӢ
Калоғатро ту бозе мешуморӣ,
Ҳаётатро ту бозӣ мешуморӣ.
Дар ин майдон ту маймунро бимонӣ,
Харатро аспи тозӣ мешуморӣ.
БАРХЕЗАМ
Рӯзе, ки ман аз сари ҷаҳон бархезам,
Аз ғурбату ғурму аз ғамон бархезам.
Побанди тани гарон бимонам дар хок,
Ё бо дили пок парзанон бархезам?!
АРЗИШ
Надорам ман дареғ аз рафтани ту,
На аз чашму лабу рӯву тани ту.
Ту дигар заррае арзиш надорӣ,
Манатро монда рафтӣ, дар мани ту.
З-ОН ПЕШ
Шодӣ, ки гузашт, фасли ғам меояд,
Пирӣ ба сари мову ту ҳам меояд.
Шӯру шари синаро алам кун имрӯз,
З-он пеш, ки ҷойи ӯ алам меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё