Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳоҷимаҳмудро аз дарвозааш ба берун бароварданд.
Йигитҳои пиёдаи Носирхитой пой ба ӯзангӯи аспҳояшон монданд. Дастони Ҳоҷимаҳмудро бо чилбурҳои пашмӣ ба пеш бастанд. Аз ду тараф савораҳо нӯки чилбурҳоро ба қоши зин баста «чӯ, ҷонвар, ҳа, чӯ», гӯён онҳоро рӯ ба роҳ гардонданд. Бо баланд гаштани овози азон аллакай дар он пагоҳирӯзии бармаҳал кӯча ва гирду атрофи масҷид пури одам шуда буд. Ҳама ҳодисаи гӯшношуниду рӯзи сиёҳи ба сари Ҳоҷимаҳмуд овардаи Носирхитойи ваҳширо пеши назар медиданд, медиданд, ки худи ӯ савори ҳамон аспи номии сафедаш. Гоҳ пеш-пеши савораҳояш асп медавонд, гоҳе лаҷоми аспашро кашида рӯ ба Ҳоҷимаҳмуд меовард, гӯё ӯро Худо дода буд, сазо медод Ҳоҷимаҳмудро.
Одамон гирёну нолон аз пасаш меомаданд, ҳисобашон лаҳза ба лаҳза зиёд мегашт. Дашном медод баъзеи онҳоро Носирхитой, мезад, қамчин мебардошт ба сарашон, онҳоро парешон менамуд, болои сарашон аз камон тир холӣ мекард, мардумро метарсонд. Аз чашмони ҳозирон ҳисси норизоӣ, кину ғазаб ҳувайдо буда, мардум ба шӯр, ба қиём меомадагӣ барин. Шояд баҳри Ҳоҷимаҳмуд хархаша ба миён меомад. Носирхитойро онҳо гӯё намешинохтанд, салом намедоданд, дар даст таёқу дангал, шоха доштанд. Носирхитой ба сарашон давид, пеши роҳро бо чанд нафар банд намуд, мардумро аз роҳ гардонд, қасам ёд кард, ки агар боз по пеш монанд, якояк тирборон мешаванд. Пеши камондорон, пеши савораҳои хунмасти чашмонашон аз косахонаи сар буруншуда одамони пойбараҳна, камбағалони бебизоат, бесилоҳ чӣ ҳам гуфта метавонистанд, ноумед, як-як ақиб мегаштанд, мерафтанд.
Аз масҷид андаке дур рафта, аз назди мазори Шоҳтут гузаштанд. Шоҳтутҳои болои мазорро дар ким – кадом замоне шинондаанд, чаро ин ҷои муқаддасро мазори Шоҳтут мегӯянд, имрӯз ҳам баҳри мо номаълум.

пешина
аз 182
навбатӣ