БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Носирхитой боз дар ҳамон ҳавлии барояш ошно, дар
меҳмонхонаи эшони Тошбой. Эшони Тошбой Носирхитойро дида аз шодмонӣ намедонист ӯро дар
куҷои меҳмонхонааш нишонад, мехост дӯсти ба дил
наздикашро агар илоҷ ёбад, дар ҷои ҷонаш бигирад.
Носирхитой дар меҳмонхонаи эшони Тошбой бо чанд
нафар наздиконаш ҷойгир шуд.
Аз шаб хело мегузашт. Дар ин мобайн фиристодаҳои
Носирхитой, ки онҳо ҳама аҳли деҳаи худи
Ҳоҷимаҳмуд буданд, ба хонаи ӯ рафта омаданд, ба Носирхитой хабар оварданд, гуфтанд, ки Ҳоҷӣ дар ҳавлиаш, меҳмон доштааст. Меҳмононаш йигитҳои боз кадом як дастаи босмачиён. Онҳоро гусел карда дар боломанзараш нишаста будааст, мошина мегардондааст,
либосҳои фармудаи дастаи босмачиёни Раҳмондодхоҳро медӯхтааст. Аз рӯи маслиҳати эшони Тошбой
қотилони Ҳоҷимаҳмуд – Носирхитою чанд нафар ҳамроҳон – муқаррабонаш дар хонаи хоби завҷаи ӯ боломанзари чӯбкориаш, ки ба боми хонаҳои Ҳоҷимаҳмуд,
нигас ба нигас часпида буд, камин гирифтанд. Қарор
доданд, маслиҳат карданд, ки шаб ё қариби саҳар
Ҳоҷимаҳмудро дар ғафлат мононда ба ҷои хобаш зада
медароянд. Бо ҳамин мақсад Носирхитой ва ҳамроҳонаш тамоми шаб нахуфта аз боломанзари ҳамсояи
Ҳоҷимаҳмуд берун нашуда, чун гурбаҳо ба сӯи хонаи
Ҳоҷимаҳмуд гӯш медоданд. Қарор доданд, ки амали
дастгир кардани Ҳоҷимаҳмудро айни субҳ, пеш аз азони намози бомдод, ба ҷо меоранд. Аз ин нақшаашон
ҳамаи йигитҳои Носирхитой хабардор карда шуданд.
Бо наздик омадани мавриди муайяншуда, йигитҳо аз
қушхонаҳо баромаданд. Шаб торик буд. Ҳанӯз, ба мисле ки аз осмон бо сатилҳо об мепошида бошанд, борон меборид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё