БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ба Сибир мебурдаанд, аҳли байташонро ҳам. Ҳама раҳрезу рӯрез, ҳамаи азобҳо аз туфайли эшони домулло Мирзо. Ҳамеша пои ботаҳорат буданд, даст ба дуо мебардоштанд, рӯ ба осмонҳо ба даргоҳи Худованд менолиданд, мурод металабиданд, мехостанд, дар деҳаи азизашон хокдон ёбанд, мехостанд, ҷанозаи боҷамоа бубинанд, орзу мекарданд, ки одамони ҳукумат бо чашмони худашон бинанд, ки эшони домулло Мирзо аз олам гузаштаанд, мехостанд бубинанд, ки он касро ба хок гузоштаанд, мехостанд умедашон баъди ин канда шаваду аҳли хонадони эшонро ба ҳоли худашон гузоранд.
Рӯзу шабҳо мегузаштанд, ҷои эшони домулло Мирзои бемор ҳанӯз дар беруни деҳа, даруни ҳамон чордеворӣ, хонаҳои нопӯшонида, нимсохти эшони Насриддин. Аз рӯи эҳтиёт рӯз равшан, ки мешуд, даробарои хурду калон ба он чордевориҳо қат меёфт. Ҳама ҷо ҷимҷит, хомӯшӣ.
Шабҳо шогирдон боз ҳамон охунди мулло Сайиднеъматулло, эшони Абдулмуъмин, эшони Занбӯр, мулло Шарифи дуобачӣ, мулло Абдусаломи оқтоқӣ, эшони Санги дуобачӣ ҳамеша ҳамроҳашон.
Ҳама ба умеде, дар орзуе, ки эшони домулло Мирзо сиҳат меёбанд. Ва аз рӯи гуфтаи духтурон, табибон, табобат мекарданд. Лек ягон тадбиру амалҳо манфиат намеовард. Ҳолашон беҳ намегашт.
Рӯз аз ним мегузашт, офтоби моҳи аввали тобистон ҷониби ғарб майл менамуд, вазъи бемор ноҷо, ба ҳоли худ мешуданд, ҳама парешон.
– Эшони домулло, эшони домулло, устод, – гӯё бо фарёд, бо овози баланд беморро ба худ овардан мехостанд, чи кор карданашонро намедонистанд хешовандон, наздикон, фарзандон, шогирдон. Ашк гулӯгирашон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё