ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Хуршеди беназир, эй ёри дилпазир,
Хоҳам сафои ту, эй хушлиқои ман!
То метапад дилам дар сина, ҷони ман,
Гўям дуои ту, эй хушлиқои ман!
НУРИ ДИЛАФРЎЗИ МАН
Нури дилафрўзи ман, кош арўсам шавӣ,
Маҳваши хушрўзи ман, кош арўсам шавӣ.
Лолаи хандони ман, шамъи шабистони ман,
Ғунчаи армони ман, кош арўсам шавӣ.
Чашмаи айшу тараб, зиндагиямро сабаб,
Моҳрухи нўшлаб, кош арўсам шавӣ.
Бар дари ту соилам, ҳусни туро қоилам,
Ёр шавӣ моилам, кош арўсам шавӣ.
Шаккари ман, шири ман, ёри батадбири ман,
Воқифиӣаз сирри ман, кош арўсам шавӣ.
Қомати ту дилпазир, сурати ту беназир,
Бар дили тангам сафир, кош арўсам шавӣ.
Дарди дилам бедавост, ҷон ба ту бахшам равост,
Лутфи ту мушкилкушост, кош арўсам шавӣ.
КОШ АРЎСАМ ШАВӢ
Нури ҷаҳонтоби ман, кош арўсам шавӣ.
Махзани ноёби ман, кош арўсам шавӣ.
Уқдаи дил во кунӣ, рўй ту бар мо кунӣ,
Лавзу шакароби ман, кош арўсам шавӣ.
Рўи ту барги гул аст, мўи хушат сунбул аст,
Сўзу табу тоби ман, кош арўсам шавӣ.
Ишқи ту дар ҷони ман, васли ту дармони ман,
Бурдӣ зи сар хоби ман, кош арўсам шавӣ.
Нози ту бошад базеб, қомати ту дилфиреб,
Себаки сероби ман, кош арўсам шавӣ.
Ин ҳама дардам нигар, бар рухи зардам нигар,
Ҷоми маи ноби ман, кош арўсам шавӣ.
Созиям аз ғам халос, дорӣ чу ту лутфи хос,
Дафтари ман, боби ман, кош арўсам шавӣ.
Ошиқи рўят шудам, бастаи мўят шудам,
Дида дили оби ман, кош арўсам шавӣ.
МО ОШИҚИ РЎИ НОЗАНИНЕМ
Мо ошиқи рўи нозанинем,
Ҷуз рўи накўи ў набинем.
Дар гўшаи боғ дар хаёлаш,
Эй сарви сиҳӣ, ҳаменишинем.
Аз мурдани мо, агар биболӣ,
Пиндор фитода дар заминем.
Бар даргаҳи шоҳи олами хеш,
Мо ҷумла ғуломи камтаринем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё