Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
стон наҷот дода, пора-пора заминҳои нав мекушоданд.
Бобораҳмат-ака дар кулли ташвиши зиндагӣ ба онҳо ҳамдаму ҳамнафас буд, онҳоро дилбардорӣ мекард, эътимодашонро ба ғалаба, ба минбаъда рӯзҳои хуш қавитар мегардонд. Дар ниҳоди вай умуман истеъдоди роҳбарӣ, мантиқи бақувват ва одамонро дар атрофи худ гирд оварда тавонистан як лаёқати худодод буд. Ва ӯ шукр гуфта, аз ин караму инояти Парвардигор моҳирона истифода мебурд, барои эътибори давлату ризқи халқ аз рӯи имону диёнаташ пайваста ҷон мекоҳонд.
Пас аз ғалаба бар фашизм Бобораҳмат Юсуфов чандин карат рӯҳбаланд гардида, боз ҳам дасту остин барзад – ба мустаҳкам сохтани асоси иқтисодии хоҷагӣ, ободонии он, бинои иморатҳои маданӣ-маишӣ, ҳар чи бештар кушодани заминҳои нав, дар баробари пахта ривоҷ додани чорводорӣ, бунёди боғҳои мева ва ғайра иқдоми савоб тасмим гирифта, колхозашро, ки акнун зиёда аз сӣ хоҷагии хурд-хурди Деҳнавро дар худ муттаҳид карда буд, охири солҳои чил то ба намунаи ибрат расонд.
Собиқ сарвари ҷумҳурият, баъдтар котиби
Кумитаи Марказии ҳизби умумииттифоқ Нуриддин Муҳиддинов дар як мақолаш ба тавсифи Бобораҳмат-ака чунин гуфтааст: «... азбаски
хоҷагии машҳур барпо намуда, худаш одами
дунёдида ва роҳбари хеле батаҷриба буд, аз боби
ҳар масъалаи ҳалталаб амиқ мулоҳиза меронд,
ки кас наметавонист ба фикри ӯ мувофиқ набошад. Ёд дорам: дар маркази ноҳияи Деҳнав ҷаласаи калони мӯйсафедон доир гардида, баробари
бисёр муаммоҳои зиндагӣ дар он боз як масъа-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё