Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷонзоданашон низ набуд магар, ки ҳаргиз рӯи хуш намедоданд ба ятимон; лоақал сухане намегуфтанд ширин бошад, ба кас тасаллӣ бахшад.

Бобораҳмат-ака то охири умр як чизро фаромӯш карда натавонист. Ҳар гоҳ, ки аз дасти Дамин гирифта, ба кӯзаи аммааш наздик мешуд, шавҳари ӯ акаву додарро дидан замон «аз афти кор, ин юндии сагамонро ҳоло ба ҳамон сагбачаҳоят медиҳӣ», — гуфта, ба сари зани мушти пар метохт, ҳар чӣ рост ояд, ба вай мезадаш.
Ва онҳо, додару бародар, аз ғояти тарс ба сӯи кӯза дигар қадам namoндa, ҳар бор гирёну нолон қафо мегаштанд.

Ҳамин хел рӯзҳоро аз сар гузаронда буд Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Бобораҳмат Юсуфов. Вале яқин аз насиҳатҳои падар... ҳисси муҳаббат ба инсон ва замини рӯзирасон ҳеҷ гоҳ дар қалбаш хомӯш намегардид, баръакс — сол то сол гармтару нармтар шуда, ӯро ба роҳи эъҷозу эҳё ҳидоят мекард.

То ҳабдаҳсолагӣ, яъне то айёме ки ба сохтмони колхозҳо оғоз намуданд, вай на фақат ба хотири қути лоямут чӣ коре пеш ояд... мечаспид, ҳамчунин аз ҳар ҷо-ҳар ҷо рӯи шолча барин ё аз он васеътар замини ботлоқ, найзор ё партовро бо сад азоб кушода, дар як қитъа қадре арзан пошад, дар қитъаи дигар ҷав ё гандум кишта, барои падари бемор ва худашу додараш ризқу рӯзӣ меёфт.

Аҷаб, ки Худо раҳмашро мехӯрд магар, замини навкушодаи ӯ серҳосил меомад, ё кӣ медонад, боис — ҷавони бақувват буду шабу рӯз
каланд зада, арақи ҷабин мерехт... ба ҳар ҳол,
донаи ба хок афкандааш нумӯ мекард, ниҳоли

пешина
аз 87
навбатӣ